Дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб Павилиони миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил мегардад
ДУШАНБЕ, 29.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Аз 30 ноябр то 12 декабр дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб Конфронси 28-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим баргузор мегардад, ки дар ҳошияи он Павилиони миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти ҷумҳурӣ хабар доданд.
Тибқи муқаррароти қаблугардида, ин конфронс дар як сол як маротиба бо иштироки сарони давлатҳо ва ҳайати васеи намояндагони давлатҳои аъзо, роҳбарони созмонҳои байналхалқӣ, минтақавӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дигар тарафҳои ҳавасманд баргузор мегардад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлимро соли 1998 ва Созишномаи Парижро соли 2017 тасдиқ намудааст.
Дар ҳошияи конфронс бо мақсади муаррифӣ намудани сиёсати пешгирифтаи давлатҳои аъзо дар самти иҷрои уҳдадориҳо дар назди Конвенсия баргузории чорабиниҳои канорӣ, ҳамоишу вохӯриҳо ва павилионҳо ташкил мешаванд.
Ба нақша гирифта шудааст, ки Павилиони миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳошияи конфронс аз 30 ноябр то 12 декабри соли ҷорӣ дар шаҳри Дубай бо мақсади муаррифӣ ва пешниҳоди ташаббусҳои глобалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим, ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои об, ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба осебпазирии баланди ҷумҳурӣ ба пайомадҳои тағйирёбии иқлим, афзудани бештари сармоягузорӣ барои мутобиқ гардонидани соҳаҳои калидии иқтисодиёти мамлакат ба тағйирёбии иқлим ва тақвияти ҳамкории минтақавӣ ва байналхалқӣ оид ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим ташкил гардад.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Давҳа тақвияти ҳамкории Тоҷикистон бо AIIB баррасӣ гардид
Дар доираи Форуми Sibos 2026 рушди ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Commerzbank AG баррасӣ шуд
Дар Давҳа ҷаласаи солонаи Бонки Осиёии сармоягузории инфрасохторӣ доир гардид
Дар доираи «TAJ-TECH 2026» санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида шуданд
Дар шаҳри Душанбе ҳамкорӣ дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ гардид
Дар Қатар маросими таъсиси Фонди ҳамкорӣ ва рушди Чин – Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Оид ба таъсиси Фонди минтақавии рушди фазои рақамии соҳибихтиёрӣ дар Тоҷикистон Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Марат Хуснулин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон меояд
Дар Душанбе маркаи почтавӣ бахшида ба 35-солагии Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқа ба муомилот бароварда шуд
Дар Хоруғ оид ба ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар соҳаи энергетика мулоқот доир шуд
Душанбе мизбони ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа ва рақамикунонӣ гардид
Намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон дар конфронси байналмилалии Sibos 2026 иштирок доранд






