Дар шаҳри Хоруғ 29-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
ДУШАНБЕ, 04.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. 4 ноябр дар шаҳри Хоруғ 29 –солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукуҳу шаҳомати хосса баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар медиҳад.
Дар ҷамъомад тазаккур дода шуд, ки 29 сол муқаддам лоиҳаи Қонуни асосии Тоҷикистони соҳибистиқлол таҳти ҳидояти оқилонаву олимонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби гурӯҳи бонуфуз таҳия ва комил гардида, барои қабул пешниҳод гардид.
Бояд тазаккур дод, ки пас аз баргузории Иҷлосияи таърихии 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барқарор гаштани Ҳукумати конститутсионӣ вазъияти сиёсию иҷтимоии мамлакат зарурати ҳарчи зудтар қабул намудани Конститутсияро тақозо менамуд.
Воқеан, ҳар гоҳе, ки мо ба матни Конститутсия назар меандозем, дар даҳ боб ва сад моддаи он таърихи ҳазорсолаҳо ташаккулёфтаи миллатро идрок намуда, танзими мутаносиби ҳар самт ва паҳлуи ҳаёти имрӯзаамонро дар он баръало мебинем.
Конститутсияи замони соҳибистиқлолӣ аз конститутсияҳои дигар, ки дар замони пеш қабул гардида буданд, бо муҳтавою моҳияти худ фарқ дошта, меъёрҳои мутобиқ ба стандартҳои ҳуқуқи байналмилалии он, ҳуқуқи инсон ба ҳаёт, молу мулк, оила, этиқоди фитрӣ, сиёсӣ ва ғайраро таъмин намуда, муносибати инсонро ба ҷамъияту давлат ва нисбат ба ҳар фард муайян ва муқаррар менамояд.
Дар фарҷом барномаи рангини аҳли фарҳанги вилоят манзур гардид.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон








ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид






