Дар шаҳри Хоруғ 29-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд

Ноябрь 4, 2023 18:37

ДУШАНБЕ, 04.11.2023 /АМИТ «Ховар»/.  4 ноябр дар шаҳри Хоруғ 29 –солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукуҳу шаҳомати хосса баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар медиҳад.

Дар ҷамъомад тазаккур дода шуд, ки 29 сол муқаддам лоиҳаи Қонуни асосии Тоҷикистони соҳибистиқлол таҳти ҳидояти оқилонаву олимонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби гурӯҳи бонуфуз таҳия ва комил гардида, барои қабул пешниҳод гардид.

Бояд тазаккур дод, ки пас аз баргузории Иҷлосияи таърихии 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барқарор гаштани Ҳукумати конститутсионӣ вазъияти сиёсию иҷтимоии мамлакат зарурати ҳарчи зудтар қабул намудани Конститутсияро тақозо менамуд.

Воқеан, ҳар гоҳе, ки мо ба матни Конститутсия назар меандозем, дар даҳ боб ва сад моддаи он таърихи ҳазорсолаҳо ташаккулёфтаи миллатро идрок намуда, танзими мутаносиби ҳар самт ва паҳлуи ҳаёти имрӯзаамонро дар он баръало мебинем.

Конститутсияи замони соҳибистиқлолӣ аз конститутсияҳои дигар, ки дар замони пеш қабул гардида буданд, бо муҳтавою моҳияти худ фарқ дошта, меъёрҳои мутобиқ ба стандартҳои ҳуқуқи байналмилалии он, ҳуқуқи инсон ба ҳаёт, молу мулк, оила, этиқоди фитрӣ, сиёсӣ ва ғайраро таъмин намуда, муносибати инсонро ба ҷамъияту давлат ва нисбат ба ҳар фард муайян ва муқаррар менамояд.

Дар фарҷом барномаи рангини аҳли фарҳанги вилоят манзур гардид.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Ноябрь 4, 2023 18:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Филиппин Форуми байналмилалии тандурустӣ баргузор гардид
Дар ноҳияи Рӯшон оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ вохӯрӣ доир гардид
Аз 9 то 13 июл дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво то 5 дараҷа паст мешавад
Байни Тоҷикистон ва Қирғизистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи иҷтимоӣ ба имзо расид
ИМРӮЗ — РӮЗИ МАЪЮБОН. Дар Тоҷикистон заминаи ҳуқуқии ҳифзи иҷтимоии маъюбон фароҳам оварда шудааст
Пагоҳ дар баъзе аз кӯчаҳои Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан қатъ мегардад
Дар Душанбе вобаста ба ҳимояи ҳуқуқи инсон дар шароити рақамикунонӣ ҳамоиш баргузор шуд
Гурӯҳи корӣ бо рафти корҳои сохтмонии манзилҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод шинос гардид
Дар Тоҷикистон доир ба пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ давраи омӯзишӣ ҷараён дорад
Гармии шадиди ҳаво боиси авҷи кадом бемориҳо мегардад?
Басти дуюми истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол» дар ноҳияи Варзоб оғоз гардид
Чӣ тавр худро аз гармии тобистон муҳофизат кунем? Донистани роҳҳои дурусти он муҳим аст