Дар Тоҷикистон Фестивали картошка баргузор мешавад

Ноябрь 24, 2023 11:00

ДУШАНБЕ, 24.11.2023 /АМИТ «Ховар»/.  26 ноябр дар бозори «Меҳргон»-и шаҳри Душанбе «Фестивали намоиш-фурӯши картошка ва тайёр намудани хӯрокҳо аз он» баргузор мегардад, ки дар он навъҳои гуногуни картошка ва хони аз хӯрокҳои картошка омодашуда пешниҳод мегардад, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Тоҷикистон.

Дар ин рӯз ба беҳтарин картошкапарварони мамлакат аз ҷониби Вазорати кишоварзии Тоҷикистон Диплом ва туҳфаҳо тақдим мегарданд. Инчунин сокинони пойтахт имкон доранд, ки баъд аз анҷоми фестивал бо нархҳои дастрас картошка харидорӣ намоянд.

Ба гуфтаи олимони соҳаи кишоварзӣ, картошка яке аз зироати асосии хӯрокӣ барои аҳолии кураи Замин ба шумор меравад. Мувофиқи маълумоти Ташкилоти озуқаворӣ ва кишоварзии СММ (соли 2010), аз ҳисоби ҳаҷми умумии истеҳсолӣ баъд аз гандум ва шолӣ картошка дар дунё ҷои сеюмро ишғол менамояд.

Ба иттилои Вазорати кишоварзии мамлакат, соли равон дар ҷумҳурӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар майдони 55 527 гектар картошка кишт шудааст. То 1 ноябр дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 989 ҳазору 782 тонна картошка ҷамъоварӣ шудааст.

АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Ноябрь 24, 2023 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2026» баргузор мегардад
Дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» беш аз 30 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Ҳайати Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон дар «Ҳафтаи бехатарии авиатсионии ИКАО» дар Остона иштирок намуд
Дар Ереван ҳамкории Тоҷикистон бо Арманистон дар самти ҷалби маблағгузории иқлимӣ баррасӣ шуд
Дар шаҳри Гулистон ҳамоиши байналмилалии геологӣ ва конфронси «Micromine-2026» баргузор гардид
Дар Мурғоб стансияи худкори обуҳавосанҷӣ насб гардид
БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар татбиқи босамари он саҳми назаррас гузорем