ДАРАХТ БИНШОН! Дар Боғи навбунёди фарҳангу фароғатии ноҳияи Тоҷикобод 150 дарахти сафедор шинонида шуд.

Ноябрь 19, 2023 09:46

ТОҶИКОБОД, 19.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Боғи навбунёди фарҳангу фароғатии ноҳияи Тоҷикобод 150 дарахти сафедор шинонида шуд. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод иттилоъ доданд.

Тибқи иттилои масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод, имрӯзҳо дар ноҳия маъракаи ниҳолшинонӣ оғоз гардидааст.

Дар маъракаи ниҳолшинонӣ сокинони ҷамоатҳои деҳот ва кормандони ташкилоту муассисаҳо фаъолона иштирок намуда, кӯшиш менамоянд, ки ҳар гӯшаи ноҳияро обод, сарсабз ва хуррам гардонанд. Зеро ободии Ватан аз ободнамоии ҳар гӯшаи он оғоз меёбад.

Мувофиқи нақша, имсол дар маркази ноҳияи Тоҷикобод, ҷамоатҳои деҳот ва шафати шоҳроҳи байналмилалӣ бештар ниҳоли сафедор шинонида мешавад. Дарахти сафедор ба муҳити ноҳия созгор буда, дар муддати кӯтоҳ қад мекашад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод

Ноябрь 19, 2023 09:46

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Пешвои миллат: «Барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем!»
ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шаҳри Исфара 1200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи байналмилалии Хуҷанд-Чанок 500 бех ниҳоли санавбар шинонида шуд
Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд