Деҳаи Хуҷабулоқи ноҳияи Балҷувон соҳиби мактаби замонавӣ гардид
ДУШАНБЕ, 29.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар деҳаи Хуҷабулоқи Ҷамоати деҳоти Балҷувон бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №48 ифтитоҳ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия доданд.
Бинои муассисаи таълимӣ аз як ошёна ва 4 синфхонаи таълимӣ иборат буда, барои 80 хонанда пешбинӣ гардидааст ва аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ бо назардошти шароити муосир сохта шудааст.
То ин вақт дар деҳаи Хуҷабулоқ муассисаи таълимӣ вуҷуд надошт ва хонандагони деҳа 4 километр роҳро тай намуда, ба мактаби дигари ноҳия мерафтанд. Аз иқдоми пешгирифтаи соҳибкори маҳаллӣ сокинон руҳбаланд шуда, миннатдории худро ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баён намуданд.
Изҳор гардид, ки ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар чор деҳаи ноҳияи Балҷувон, аз ҷумла деҳаҳои Дара, Деҳбул, Чорчашма ва деҳаи Аспирингони Ҷамоати Сари Хосор, ки мактаб надоштанд, бунёди 4 муассисаи нави таълимӣ ба нақша гирифта шудааст.
АКС: АМИТ «Ховар»








ҲАМНАФАСИ МАРДУМ, ҲАМҚАДАМИ ТАЪРИХ. Андешае дар ҳошияи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ТАҲКИМИ ПОЯҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ҳошияи таҷлили Рӯзи Президент
Бахшида ба Рӯзи Президент дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ҳамоиш доир шуд
Барномаи «Низоми арзёбии донистани забони тоҷикӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ» муаррифӣ гардид
Ҳаками озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Шодӣ Раҷабзод: «Сатҳи омодагӣ, донишу маърифат ва ҷаҳонбинии довталабон сол то сол беҳтар мегардад»
Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 59 иштирокчии даври ниҳоии озмун қадрдонӣ карда шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ АРҶГУЗОРӢ БА МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ ТОҶИКОН ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Андешаҳо дар ин маврид
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд






