Деҳаи Хуҷабулоқи ноҳияи Балҷувон соҳиби мактаби замонавӣ гардид

Ноябрь 29, 2023 16:39

ДУШАНБЕ, 29.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар деҳаи Хуҷабулоқи Ҷамоати деҳоти Балҷувон бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №48 ифтитоҳ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия доданд.

Бинои муассисаи таълимӣ аз як ошёна ва 4 синфхонаи таълимӣ иборат буда, барои 80 хонанда пешбинӣ гардидааст ва аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ бо назардошти шароити муосир сохта шудааст.

То ин вақт дар деҳаи Хуҷабулоқ муассисаи таълимӣ  вуҷуд надошт ва хонандагони деҳа 4 километр роҳро тай намуда, ба мактаби дигари ноҳия  мерафтанд. Аз иқдоми пешгирифтаи соҳибкори маҳаллӣ сокинон руҳбаланд шуда, миннатдории худро ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баён намуданд.

Изҳор гардид, ки ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ  дар чор деҳаи ноҳияи Балҷувон, аз ҷумла деҳаҳои Дара, Деҳбул, Чорчашма ва деҳаи Аспирингони Ҷамоати Сари Хосор, ки мактаб надоштанд, бунёди 4 муассисаи нави таълимӣ ба нақша гирифта шудааст.

АКС: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 29, 2023 16:39

Хабарҳои дигари ин бахш

РУШДИ САНОАТ. Дар шаҳри Истиқлол сохтмони марҳилаи дуюми корхонаи металлургӣ идома дорад
ИСТИҚЛOЛИ ДAВЛAТӢ ВA РУШДИ ДAВЛAТДOРИИ МИЛЛӢ. Андешаҳо дар ин маврид
«ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ ДОНО БУВАД». Таҳти ин унвон олимпиадаи ҷумҳуриявӣ байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ оғоз шуд
ТАЪТИЛИ ТОБИСТОНА. Барои босамар ва шавқовар гузаштани он хонандагон ба чӣ кор бояд машғул шаванд?
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Гулистон мумфаршкунии роҳҳо идома дорад
Дар Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ нишасти илмию назариявӣ баргузор гардид
«ХУТТАЛИ ҚАДИМ…». Ба муносибати 35–солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон маҷмуаи илмӣ аз чоп баромад
Масоили густариши ҳамкории таълимӣ ва гуманитарии Тоҷикистону Русия баррасӣ шуд
Донишҷӯёни Донишкадаи политехникии шаҳри Хуҷанд дар озмуни «Беҳтарин донандаи Кодекси андоз» соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба сохтмони якчанд иншооти нави мақомоти корҳои дохилӣ санги асос гузоштанд
ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ… Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар Ҷамоати шаҳраки Шарора корхонаҳои истеҳсоли хишт ва семент ба истифода дода мешаванд