«Дурдонаи шимол -2023»: Сокинони Суғд чиро бурд менамоянд
ДУШАНБЕ, 27.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Смартфонҳои Xiaomi Redmi Note, дастпонаҳои фитнес, аккумуляторҳои ёрирасон, гӯшмонакҳои бесим насиби иштирокчиёни хушбахти лотереяи «Дурдонаи шимол — 2023» гардиданд, ки онро ширкати «МегаФон Тоҷикистон» дар байни сокинони вилояти Суғд баргузор менамояд. Бурди аввалини марҳилавӣ 31 октябр гузаронида шуд, бозии навбатӣ 30 ноябр дар назар аст. 30 декабр ҳамаи иштирокчиёнро даври ниҳоӣ интизор аст, ки дар он барандаи ҷоизаи асосӣ – манзил дар шаҳри Хуҷанд муайян мешавад.
Барои довталаби манзили истиқоматӣ ва дигар туҳфаҳои «Дурдонаи Шимол 2023» шудан бояд рамзи ID-ро тавассути занг задан ба рақами кӯтоҳи 950 ё рақамчинии USSD-дархости *950# ба даст оред. Нархи як рамз 2 сомонӣ аст. Роҳи дигар- ин пайвастшавӣ ба шабакаи «МегаФон Тоҷикистон» дар дилхоҳ идораи хизматрасонӣ дар Суғд мебошад. Муштарии нави оператор, ки давоми давраи бозӣ ба шабака дар вилояти Суғд пайваст мешавад, ба таври автоматӣ як рамзи ID ройгон ба даст меорад.
Шумо метавонед шумораи бемаҳдуди рамзҳоро бихаред ва бо ин роҳ имкони бурди туҳфаи арзишнок меафзояд. Соҳиби манзили истиқоматӣ дар Хуҷанд дар даври ниҳоӣ 30 декабр аз байни ҳамаи дорандагони рамзҳои ID муайян мешавад.
Ҷӯрабек Бекназаров — яке аз ғолибони аввалини лотерея мебошад.
«Бахтам омад кард! Ман симкорт харидам, рамзи ID-ро ба даст овардам ва тавонистам телефони зебоеро, ки барои ман хеле лозим буд, бурд намояд. Ман бо камоли майл иштирокро давом медиҳам ва умедворам, ки соҳиби хона мешавам! Ба ҳама муваффақият ва амалишавии орзуҳоро хоҳонам!»,– мегӯяд Ҷӯрабек Бекназаров.
Шумораи бештари ID-рамзҳоро ба даст оред ва бурди туҳфаҳоро дар Instagram пайгирӣ намоед!
АКС: ширкати «МегаФон Тоҷикистон»








Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд






