«Дурдонаи шимол -2023»: Сокинони Суғд чиро бурд менамоянд

Ноябрь 27, 2023 15:03

ДУШАНБЕ, 27.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Смартфонҳои Xiaomi Redmi Note, дастпонаҳои фитнес, аккумуляторҳои ёрирасон, гӯшмонакҳои бесим насиби  иштирокчиёни хушбахти лотереяи «Дурдонаи шимол — 2023» гардиданд, ки онро ширкати «МегаФон Тоҷикистон» дар байни сокинони вилояти Суғд баргузор менамояд. Бурди аввалини марҳилавӣ 31 октябр гузаронида  шуд, бозии навбатӣ 30 ноябр дар назар аст. 30 декабр ҳамаи иштирокчиёнро даври ниҳоӣ интизор аст, ки дар он барандаи ҷоизаи асосӣ – манзил дар шаҳри Хуҷанд муайян  мешавад.

Барои довталаби манзили истиқоматӣ  ва дигар туҳфаҳои  «Дурдонаи  Шимол 2023» шудан  бояд рамзи ID-ро тавассути занг задан ба рақами кӯтоҳи 950 ё рақамчинии  USSD-дархости  *950# ба даст оред. Нархи як рамз 2 сомонӣ аст. Роҳи дигар- ин пайвастшавӣ  ба шабакаи «МегаФон Тоҷикистон» дар дилхоҳ  идораи хизматрасонӣ дар Суғд мебошад. Муштарии нави оператор, ки давоми давраи бозӣ ба шабака дар вилояти Суғд пайваст мешавад, ба таври автоматӣ як рамзи ID ройгон  ба даст меорад.

Шумо метавонед шумораи бемаҳдуди рамзҳоро бихаред ва бо ин роҳ  имкони бурди  туҳфаи арзишнок меафзояд. Соҳиби манзили истиқоматӣ дар Хуҷанд дар даври ниҳоӣ 30 декабр аз байни ҳамаи дорандагони  рамзҳои ID муайян мешавад.

Ҷӯрабек Бекназаров — яке  аз  ғолибони  аввалини  лотерея мебошад.

«Бахтам омад кард! Ман симкорт  харидам, рамзи ID-ро ба даст овардам ва  тавонистам телефони зебоеро, ки барои ман хеле лозим буд, бурд намояд. Ман бо камоли майл иштирокро давом  медиҳам ва умедворам, ки соҳиби хона мешавам! Ба ҳама  муваффақият  ва  амалишавии  орзуҳоро хоҳонам!»,– мегӯяд Ҷӯрабек Бекназаров.

Шумораи бештари ID-рамзҳоро ба даст оред ва бурди туҳфаҳоро дар Instagram пайгирӣ намоед!

АКС: ширкати «МегаФон Тоҷикистон»

Ноябрь 27, 2023 15:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба таъсири омилҳои антропогенӣ ба ҳавзаи дарёи Сурхоб дар шароити тағйирёбии иқлим машварат баргузор гардид
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо соҳибкорони «Бозори Корвон» вохӯрӣ баргузор шуд
Дар ноҳияи Айнӣ кишти помидор бо усули обёрии қатрагӣ ба роҳ монда мешавад
Дар ноҳияи Шуғнон дар масоҳати 10 гектар боғи нави дарахтони себу зардолу бунёд гардид
«МегаФон Life»: сармоягузориро мустақиман тариқи смартфон анҷом диҳед
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ масъалаи баланд бардоштани сифати корҳои илмӣ-тадқиқотӣ баррасӣ гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Донишҷӯи тоҷик дар чорабинии байналмилалии UNESCO × Nestlé Global Youth Grant Scheme иштирок менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Фестивали байналмилалии «Дарҳои кушод-2026» дар Ҷопон гӯшаи Тоҷикистон ташкил гардид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Кирмакпарварони ноҳияи Рашт 18 тонна пиллаи хушсифат истеҳсол менамоянд