Форуми тиҷоратии соҳибкорони Тоҷикистон ва вилояти Свердловски Федератсия Русия баргузор гардид

Ноябрь 29, 2023 15:42

ДУШАНБЕ 29.11.2023/АМИТ «Ховар»/. 28 ноябр дар Душанбе Форуми тиҷоратии соҳибкорони Тоҷикистон ва вилояти Свердловски Федератсияи Русия баргузор гардид.

Дар ҷараёни ҳамоиш масъалаҳои кунунии ҳамкорӣ вобаста ба «Нақшаи чорабиниҳо оид ба рушди ҳамкорӣ байни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати вилояти Свердловск» баррасӣ гардида, ҳамчунин Протокол дар бораи ҳадафҳо дар таъсиси ҳамкорӣ байни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати вилояти Свердловск,  Созишнома байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати вилояти Свердловск дар бораи амалӣ намудани робитаҳои байналмилалӣ ва иқтисодии хориҷӣ дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва иҷтимоию гуманитарӣ ба имзо расиданд.

Зимни натиҷагирӣ аз мулоқоту музокирот ҷонибҳо изҳори итминон намуданд, ки натиҷаи ин ҳамоиш ба рушди ҳамкории дуҷониба дар бахшҳои мухталифи иқтисоду тиҷорат мусоидати муассир менамояд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 29, 2023 15:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад