«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Донишҷӯёни Академияи идоракунии давлатӣ дар озмун ҷойҳои намоёнро ишғол намуданд
ДУШАНБЕ, 21.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар даври ҷумҳуриявии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» магистранти Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафия Маҳмадуллозода аз рӯйи номинатсияи «Эҷоди наср» сазовори ҷойи сеюм, донишҷӯйи соли аввали факултети дипломатия ва сиёсат Шодрӯз Неъматов аз рӯйи номинатсияи «Адабиёти классикии тоҷик» сазовори ҷойи сеюм ва магистранти Академия Шабнам Фатҳуллозода аз рӯйи номинатсияи «Адабиёти муосири тоҷик» сазовори ҷойи сеюм гардиданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи идоракунии давлатӣ хабар медиҳад.
Донишҷӯи курси 3 Шодвар Холиқзода дар ҳамин даври озмун аз рӯйи номинатсияи «Эҷоди наср» иштирок намуда, бо Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ шуд.
Бояд гуфт, ки дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ донишҷӯёну магистрантон, унвонҷӯён ва устодону кормандони Академияи идоракунии давлатӣ дар баробари дигар муассисаҳои олии таълимӣ фаъолона иштирок намуда, ба натиҷаҳои назаррас шарафёб гардиданд.
Соли равон бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо мақсади ҷалби бештари ҷавонон ба омȳзиши осори Пешвои миллат, ташаккули тафаккури сиёсиву ҷаҳонбинӣ, баланд бардоштани савияи донишҳои ҳуқуқӣ, ҳисси ватанпарастиву ватандӯстӣ, худшиносии милливу худогоҳӣ, инчунин пешгирии ҷавонон аз тақлиди фарҳанги бегона Озмуни шаҳрии «Беҳтарин донандаи китобҳои Пешвои миллат» гузаронида шуд, ки дар даври ниҳоии он донишҷӯи курси 3-юми факултети дипломатия ва сиёсат Тоиршои Қадамшо сазовори ҷойи сеюм ва туҳфаҳои кумитаи тадорукоти озмун гардид.
Ҳамаи ин муваффақияти донишҷӯёну магистрантон мояи ифтихори аҳли Академия буда, барои тарбияи дурусту саривақтии дигар муҳассилини Академия дар руҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ифтихор аз арзишҳои миллии тоҷикӣ ҳисса мегузорад.
Роҳбарияти Академия минбаъд низ дастгирӣ ва имтиёзҳоро барои донишҷӯёни фаъол ва иштирокчиёни озмунҳои ҷумҳуриявӣ бештар намуда, талош менамояд, то дар зиёдтар намудани сафи ғолибони озмуну мусобиқаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ ва амалӣ намудани сиёсати илмдӯстонаву маорифпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳм гузорад.
Ёдовар мешавем, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти ҳофизаи фарҳангӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, бой гардонидани захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ ва фаъолгардонии доираи забондонӣ байни қишрҳои мухталифи ҷомеа, аз ҷумла хонандагону донишҷӯёни ҳамаи зинаҳои таҳсил, инчунин магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо ва шаҳрвандони ҷумҳурӣ доир мегардад.
АКС: Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Тоҷикистон барои хонандагони синфи якум давраи мутобиқшавӣ гузаронида мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. 83 нафар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистонро бо дипломи аъло хатм намуданд
Дар Тоҷикистон беш аз 187 муассисаи шакли нав фаъолият мекунад
Олимпиадаи даставӣ барои дарёфти «Ҷоми Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» доир мегардад
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҳамкориро бо Донишгоҳи омӯзгории марказии Чин тақвият медиҳад
Барои омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб хобгоҳи 10-ошёна сохта мешавад
Беш аз 6000 шаҳрвандони Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии Чин таҳсил менамоянд
Вазири мудофиаи Тоҷикистон бо фаъолияти кафедраи ҳарбии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардид
Дар Тоҷикистон сохтмони беш аз 300 иншооти маориф ба нақша гирифта шудааст
Аз ҷониби Донишгоҳи техникӣ 74 номгӯй дастуру воситаҳои таълимӣ ва 7 китоби дарсӣ ба нашр расонида шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо 16 муассисаи олии касбӣ, созмон ва ширкатҳои байналмилалӣ созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон аз рӯйи 54 ихтисос донишҷӯ қабул менамояд






