ГӮСФАНДИ ҲИСОРӢ. Пайкараи ин чорвои зотӣ дар ватани аслияш гузошта шуд

Ноябрь 8, 2023 11:00

ҲИСОР, 08.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. 5 ноябр дар шафати шоҳроҳи Душанбе-Турсунзода, дар яке аз минтақаҳои таърихии Роҳи бузурги абрешим маросими пардабардорӣ аз рӯи пайкараи рамзии “Гӯсфанди ҳисорӣ”, ки бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор амалӣ гардид, доир шуд. Дар ин хусус котиби матбуоти Раиси шаҳри Ҳисор Ҳидоятулло Холзода ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд  иттилоъ дод.

Дар ҳамоиш иброз гардид, ки бо ташаббус ва пешниҳодҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мероси зиёди моддиву фарҳангии халқи тоҷик ба феҳристи созмонҳои ҷаҳонию байналмилалӣ ворид шудааст. Гӯсфанди зоти ҳисорӣ низ аз ин ҷумла мебошад, ки дар идоракунии захира ва таъмини амнияти озуқаворӣ аҳамияти ҷаҳонӣ дорад.

Бо иқдоми Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор дар ҳамкорӣ бо Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 майи соли равон дар шаҳри Ҳисор дар мавзуи «Гӯсфанди зоти ҳисорӣ: ҳолат ва дурнамо» машварат доир шуд, ки зимни он олимону мутахассисон андешаҳои хешро доир ба ин навъи гӯсфанд ва афзоиш додани саршумори он баён доштанд.

Ҳамчунин 28 июли имсол дар Китобхонаи миллӣ ва 29 июл дар ноҳияи Варзоб бо иштироки олимони сатҳи байналмилалӣ дар мавзуи “Селексия ва такмили гӯсфанди зоти ҳисорӣ” конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ баргузор гардид.

Ғояи гузоштани рамзи «Гӯсфанди ҳисорӣ» дар ҳудуди ватани аслиаш — водии Ҳисор зимни андешаронии олимон тавлид шуд.

Барои сокинони шаҳри Ҳисор мояи ифтихор аст, ки пайкараи гӯсфанди ҳисорӣ, ки дар асрҳои 6-уми мелодӣ бо усули селексияи халқӣ дар ҳамин сарзамин офарида шудааст, дар маркази ин водӣ гузошта шуд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор

Ноябрь 8, 2023 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт