Губернатори вилояти Свердловск бо фаъолияти Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» ва хоҷагиҳои лимӯпарварии ноҳияи Кушониён шинос шуд
ДУШАНБЕ, 30.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Губернатори вилояти Свердловски Федератсияи Русия Евгений Куйвашев дар ноҳияи Данғара бо фаъолияти Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» шинос шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон хабар доданд.
Таъкид гардид, ки барои ҷалби сармояи хориҷӣ ва ватанӣ ба иқтисодиёти мамлакат, баланд бардоштани иқтидори содиротӣ, таъмини рушди иқтидори иқтисодӣ, таъмини аҳолӣ ба ҷойи кор, ривоҷ додани ҳамкории иқтисодии байналмилалӣ, ворид намудани таҷҳизоту технологияҳои нав ва усулҳои нави идоракунии истеҳсолот ва ғайра ин таъсиси минтақаҳои озоди иқтисодӣ мебошад.
Иттилоъ дода шуд, ки бо Қарори Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» 521,37 га замин аз ҳудуди заминҳои ноҳия ҷудо шудааст, ки дар айни замон дар он 15 корхонаи саноатӣ фаъолият менамоянд. Ҳоло 369 нафар дар корхонаҳои ҳудуди Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» бо ҷойи кор таъмин мебошанд.
Дар ин ҷо коркарди якчанд маҳсулот, аз ҷумла истеҳсоли ресмонҳои дӯзандагӣ, матоъҳо ва маҳсулоти тайёр аз ресмони шоҳӣ ва пахтагин, коркарди пӯсти чорво, рангубор намудани матоъҳо ва истеҳсоли маҳсулоти тайёр ва маҳсулоти дӯзандагии пашмӣ, истеҳсоли курсию мебел, истеҳсоли маҳсулоти гаҷӣ анҷом дода шуда, ба хориҷи мамлакат содирот мешавад.
Дар идомаи сафар ба вилояти Хатлон Губернатори вилояти Свердловски Федератсияи Русия Евгений Куйвашев бо фаъолияти хоҷагиҳои лимӯпарварии ноҳияи Кушониён низ шинос шуд.
АКС: Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон








Байни Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар соҳаи стандартизатсия ба имзо расид
Тоҷикистон ва Арманистон ҳамкориро дар самти ҳифз ва барқарорсозии экосистемаҳо ва мониторинги гуногунии биологӣ тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳум оид ба мусоидат ба ҳамкорӣ дар соҳаи инфрасохтор ва сохтмони муҳандисӣ ба имзо расид
Байни мақомоти зиддикоррупсионии Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳум оид ба пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия ба имзо расид
Дар Агентии авиатсияи гражданӣ дар мавзуи «Амнияти иттилоотӣ дар шароити таҳдидҳои киберии муосир» ҳамоиш доир шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 4 ҳазор коргоҳу корхонаи истеҳсолӣ фаъолият менамояд
Сохтмони роҳи таворавии шаҳри Кӯлоб қадами муҳим дар рушди инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон аст
Дар вилояти Суғд ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба беш аз 21 миллиард сомонӣ расид
«Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон барои солҳои 2026–2030» 31,2 фоиз иҷро гардид
Дар Тоҷикистон 7136 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин бартараф карда шуд
Ҳамкории БАТР бо Тоҷикистон дар соҳаи энергетика тақвият меёбад
Дар Нозироти андози шаҳри Ваҳдат 804 субъекти хоҷагидори амалкунанда сабти ном шудааст






