Губернатори вилояти Свердловск бо фаъолияти Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» ва хоҷагиҳои лимӯпарварии ноҳияи Кушониён шинос шуд

Ноябрь 30, 2023 10:52

ДУШАНБЕ, 30.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Губернатори вилояти Свердловски Федератсияи Русия Евгений Куйвашев дар ноҳияи Данғара бо фаъолияти Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» шинос шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон хабар доданд.

Таъкид гардид, ки барои ҷалби сармояи хориҷӣ ва ватанӣ ба иқтисодиёти мамлакат, баланд бардоштани иқтидори содиротӣ, таъмини рушди иқтидори иқтисодӣ, таъмини аҳолӣ ба ҷойи кор, ривоҷ додани ҳамкории иқтисодии байналмилалӣ, ворид намудани таҷҳизоту технологияҳои нав ва усулҳои нави идоракунии истеҳсолот ва ғайра ин таъсиси минтақаҳои озоди иқтисодӣ мебошад.

Иттилоъ дода шуд, ки бо Қарори Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» 521,37 га замин аз ҳудуди заминҳои ноҳия ҷудо шудааст, ки дар айни замон дар он 15 корхонаи саноатӣ фаъолият менамоянд. Ҳоло 369 нафар дар корхонаҳои ҳудуди Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» бо ҷойи кор таъмин мебошанд.

Дар ин ҷо коркарди якчанд маҳсулот, аз ҷумла истеҳсоли ресмонҳои дӯзандагӣ, матоъҳо ва маҳсулоти тайёр аз ресмони шоҳӣ ва пахтагин, коркарди пӯсти чорво, рангубор намудани матоъҳо ва истеҳсоли маҳсулоти тайёр ва маҳсулоти дӯзандагии пашмӣ, истеҳсоли курсию  мебел, истеҳсоли маҳсулоти гаҷӣ анҷом дода шуда, ба хориҷи мамлакат содирот мешавад.

Дар идомаи сафар ба вилояти Хатлон Губернатори вилояти Свердловски Федератсияи Русия Евгений Куйвашев бо фаъолияти хоҷагиҳои лимӯпарварии ноҳияи Кушониён низ шинос шуд.

АКС: Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон

Ноябрь 30, 2023 10:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид