Имрӯз ҳарорат дар Тоҷикистон то 7 дараҷа паст мефарояд

Ноябрь 9, 2023 08:10

ДУШАНБЕ, 09.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ вазъи ҳаво якбора номусоид гардида, борони бошиддат ба амал меояд. Ҳарорати ҳаво нисбат ба рӯзҳои қаблӣ то 5-7 дараҷа паст хоҳад шуд. Дар баландиҳои зиёда аз 2000 метр аз сатҳи баҳр ба амал омадани  борон бо гузариш ба барф дар назар аст. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон ва барф ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 ва дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво дар ғарби вилоят шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа хунук ва рӯзона 9+14 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 10-15 дараҷа хунук ва рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои абрнок шуда, дар водиҳо борон, дар ноҳияҳои кӯҳӣ борон ва барф, дар баъзе ноҳияҳо бориши бошиддат ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба самти ғарб бо суръати 5-10, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 15-20 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона ва рӯзона 7+12 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 2+7 дараҷа гарм, рӯзона аз 0+5 то 6+11 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон, шабона ва саҳаргоҳон дар ноҳияҳои алоҳида борони бошиддат ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 13-18 метр дар як сония вазида, рӯзона дар баъзе ноҳияҳои ҷанубӣ чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 9+14 дараҷа гарм ва рӯзона 12+17 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳ шабона ва рӯзона 5+10 дараҷа гарм мешавад.

Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои абрнок дар назар дошта  шуда, дар водиҳо борон, дар ноҳияҳои кӯҳӣ борон ва барф, дар баъзе ноҳияҳо борони бошиддат ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона ва рӯзона 9+14 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 0+5 дараҷа гарм то  ва рӯзона 1-6 дараҷа хунук, рӯзона 5+10 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе  ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, дар баъзе ҳолатҳо борони бошиддат ба амал меояд.  Шамол аз самти ғарб  бо суръати 4-9, дар баъзе ҳолатҳо 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 8+10 ва рӯзона 10+12 дараҷа гарм мешавад.

Ноябрь 9, 2023 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе масъалаи бунёди неругоҳҳои офтобӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Ҳайати «Шаҳри ҳушманд» бо таҷрибаи Қирғизистон дар самти рақамикунонии соҳаи тандурустӣ шинос шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво рӯзона то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Шароит ва имконияти таҳсил дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат беҳтар карда мешавад
ИҚТИСОДИ «САБЗ». Тоҷикистон барои амалисозии он заминаи муносиб фароҳам овард
Дар вилояти Суғд ҳаҷми истеҳсоли тухм афзоиш меёбад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ҶДММ «Бозори Корвон плюс» вохӯрӣ доир шуд
Интернет барои идора: чӣ тавр метавон кормандонро бо дастрасии боэътимод таъмин кард