Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст

Ноябрь 28, 2023 08:10

ДУШАНБЕ, 28.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ 5-10, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 13-18 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат рӯзона 20-23 дараҷа гарм мешавад.  Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ хабар медиҳад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш шуда, шамол аз самти шарқ 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарб шабона аз 1-6 дараҷа хунук, рӯзона 9+14 дараҷа гарм, дар шарқ шабона 11-16 дараҷа хунук, рӯзона -1+4 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои камабри бебориш  шуда, шамол аз самти шарқ 5-10  метр дар як сония, дар баъзе ҷойҳо то 15-20 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 7+12 дараҷа, рӯзона 15+20 дараҷа, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0-5 дараҷа ва рӯзона 8+13 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар дошта шуда, шамол аз самти шарқ 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 6+11, рӯзона 20+25, дар доманакӯҳҳо шабона 6+11 ва рӯзона 17+22 дараҷа гарм мешавад.

Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгўӣ шуда, шамол аз самти шарқ 5-10, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 13-18 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона 6+11 дараҷа, рӯзона 18+23 дараҷа, дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 3+8 дараҷа ва рӯзона 13+18 дараҷа гарм мешавад.

Дар Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш шуда, шамол аз самти шарқ бо шиддати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 8+10 ва рӯзона 20+22 дараҷа гарм мешавад.

Ноябрь 28, 2023 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд