Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат ба амал меояд

Ноябрь 30, 2023 08:10

ДУШАНБЕ, 30.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо бориши сусти борон ва барф ба амал меояд. Рӯзона дар водиҳо бориш қатъ гардида, туман мефарояд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ хабар медиҳад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо бориши сусти борон ва барф ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарб шабона аз 0-5 дараҷа хунук, рӯзона 8+13 дараҷа гарм, дар шарқ шабона 12-17 дараҷа хунук, рӯзона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд шабона ва саҳаргоҳон ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат (дар баландиҳои зиёда аз 2000 метр борон ва барф) ба амал омада, рӯзона дар водиҳо бориш қатъ гардида, туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб 7-12  метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 5+10 дараҷа, рӯзона 8+13 дараҷа, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм ва рӯзона 4+9 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб 5-10, дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то 17-22 метр дар як сония вазида, чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 3+8, рӯзона 14+19, дар доманакӯҳҳо шабона 1+6 ва рӯзона 8+13 дараҷа гарм мешавад.

Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ шабона ва саҳаргоҳон ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат (дар баландиҳои зиёда аз 2000 метр борону барф) ба амал омада, рӯзона дар водиҳо бориш қатъ гардида, туман мефарояд. Ҳарорат дар водиҳо шабона 3+8 дараҷа, рӯзона 11+16 дараҷа, дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 0-5 дараҷа хунук ва рӯзона 9+14 дараҷа гарм мешавад.

Дар Душанбе шабона ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, борони кӯтоҳмуддат ба амал меояд. Рӯзона ҳавои тағйирёбанда дар назар буда, бориш қатъ гардида, туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб  бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 6+8 ва рӯзона 14+16 дараҷа гарм мешавад.

Ноябрь 30, 2023 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Миқдори безарари кофеин барои як рӯз муайян гардид
ЮНИСЕФ: Ҳар кӯдаки чаҳорум дар Иттиҳоди Аврупо бо камбизоатӣ ва маҳдудияти иҷтимоӣ рӯ ба рӯ аст
Дар Хуҷанд озмуни вилоятии «Аллаи модар» ҷамъбаст гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво 12 дараҷа гарм мешавад
Ба сарбозони фаъоли қисми ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар Суғд рутбаҳои нави ҳарбӣ дода шуд
НАЗАРИ КОРШИНОС. Таҷрибаи ҷаҳонӣ собит месозад, ки рушди давлатҳои пешрафтаи дунё аз баланд будани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон вобастагӣ дорад
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон мусобиқаи ҳарбӣ-варзишӣ доир гардид
Дар Душанбе Ташкилоти ибтидоии «Китобшинос» таъсис ёфт
Талафоти чорво дар миқёси Муғулистон аз 1,5 миллион гузашт
Ҳунар ва чирадастии Давлатманди Холро ба инобат гирифта, метавон ӯро «Борбади сонӣ» номид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«МАН ВАТАНДОРАМ!». Ба шарафи 31-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ дарси намунавӣ гузаронида шуд