Китоби «Забони тоҷикӣ» ба нашр расид
ДУШАНБЕ, 08.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. «Забони тоҷикӣ» — таҳти ин унвон китоби устоди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, профессор Саидмуроди Хоҷазод дар асоси қоидаҳои нави имлои забони тоҷикӣ барои донишҷӯёни равияи табиӣ ва риёзӣ таълиф гардидааст.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ хабар доданд, китоби дарсӣ фарогири грамматикаи забони тоҷикӣ, махсусан имлои забони тоҷикӣ, матнҳо барои ихтисосҳои риштаи табиӣ-риёзӣ, пурсиш, машқу супоришҳои марбут ба мавзуъ, байтҳои пандуахлоқӣ мебошад, ки дар асоси усулҳои нави омӯзиши фанни забони тоҷикӣ дар ҳамоҳангӣ бо ихтисосҳо навишта шудааст.
Қоидаҳои нави имлои забони тоҷикӣ, матнҳои тахассусӣ ва супоришҳо, усули таълифи санадҳо, луғат ва маводи ёрирасони дидактикӣ барои тақвияти донишҳои назарӣ ва таҳкими фаъолияти амалии донишҷӯён мусоидат менамоянд.
Китоб барои устодон, донишҷӯён, коргузорон, пажуҳишгарон ва ҳаводорони забони тоҷикӣ ба ҳайси маъхази муътамад ва дастури муфид хизмат менамояд.
Хотиррасон менамоем, ки имсол ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон шаш китоби дарсии устодони Донишгоҳи давлатии омӯзгориро ба нашр тавсия намуд, ки ҳамаи онҳо бо дастури ректори донишгоҳ ройгон чоп гардиданд.
АКС: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ








Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид






