Мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Русия Созишнома дар бораи эътирофи тарафайни мақомоти танзимгарони ваколатдори иқтисодиро ба имзо расониданд

Ноябрь 23, 2023 09:17

ДУШАНБЕ, 23.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. 21 ноябр байни Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти федералии гумруки Федератсияи Русия Созишнома дар бораи эътирофи тарафайни мақомоти танзимгарони ваколатдори иқтисодӣ ба имзо расид.

Имзои Созишнома дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсия Русия баргузор шуда,  ҳуҷҷатро Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Каримзода ва иҷрокунандаи вазифаи роҳбари Хадамоти федералии гумруки Федератсияи Русия Руслан Давидов ба имзо расониданд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти гумрук хабар доданд, Созишнома имкон медиҳад, ки раванди тезонидани интиқоли молҳо байни мамлакатҳо аз ҷониби иштирокчиёни боэътимоди фаъолияти иқтисодии хориҷӣ сода гардад. Ҳангоми таҳвили мустақим байни танзимгарони ваколатдори иқтисодии Тоҷикистон ва Русия амалиёти азназаргузаронӣ ва муоинаи гумрукӣ  дар навбати аввал анҷом дода мешавад. Ҳамзамон назорати ҳуҷҷатии гумрукӣ ва амалии он дар ҳаҷми ҳадди ақалл барои риояи қонунгузории гумрукӣ гузаронида мешавад.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Ноябрь 23, 2023 09:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард