Меҳринисо Тухтабоева: «Ифтихормандам, ки 6 писарам дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмат менамоянд»
ФАРХОР, 26.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи вилояти Хатлон дар ноҳияи Фархор бо модароне, ки фарзандонашон дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон шарафмандона хизмат менамоянд, суҳбат намуд, иттилоъ медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар».
Дар вохӯрӣ ба сокини деҳаи Сурхоби Ҷамоати деҳоти Хутани ноҳияи Фархор Меҳринисо Тухтабоева барои тарбияи хуб ва ҳидояти фарзандон ба хизмати Модар- Ватан таҳсину офарин хонда, ин амали ҷавонмардонаи фарзандони ўро намунаи ибрату шоистаи пайравӣ арзёбӣ намуданд.
Ин модар соҳиби 7 писар буда, 6 нафари онҳо хизмати ҳарбиро адо намуда, дар ҳифзи марзу буми Ватан саҳми худро мегузоранд.
Меринисо Тухтабоева ифтихормандона изҳор намуд, ки фарзанди ҳафтумаш низ тасмим гирифтааст, ки ихтиёран ба сафи Артиши миллӣ шомил шуда, мисли бародаронаш қарзи фарзандии худро ба ҷо оварад.
Ба даст гирифтани ин ташаббусҳои ватандўстона боис гардидааст, ки ноҳияи Фархор чанд соли охир дар самти иҷрои нақшаи муайяншудаи ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар миқёси вилоят пешсаф мегардад.
Дар ҳамоиши тарғиботӣ модарони шарафманди ноҳия барои саҳми арзанда дар тарбияи фарзандони ватандӯст бо “Сипоснома”-и Раёсати кор бо занон ва оилаи вилояти Хатлон қадршиносӣ гардиданд.
Дар вохўрӣ ҳамзамон дигар масъалаҳои самти кор бо занон ва оила баррасӣ гардид.
АКС: Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон








ИҶЛОСИЯИ XVI – ЗАМИНАИ ТАЪРИХИИ ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРӢ, ҚОНУНИЯТ ВА АДОЛАТИ СУДӢ. Андешаҳо дар ин маврид
Дар Норак осоишгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ ифтитоҳ гардид
АЗ НАСБИ ПАНЕЛҲОИ ОФТОБӢ ТО ЗАХИРАИ СӮЗИШВОРӢ. Муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон ба зимистони солҳои 2026–2027 омода мебошанд
Дар Бохтар бахшида ба Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ конференсияи ҳизбӣ баргузор шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд






