Меҳринисо Тухтабоева: «Ифтихормандам, ки 6 писарам дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмат менамоянд»

Ноябрь 26, 2023 11:34

ФАРХОР, 26.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи вилояти Хатлон дар ноҳияи Фархор бо модароне, ки фарзандонашон дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон шарафмандона хизмат менамоянд, суҳбат намуд, иттилоъ медиҳад мухбири  минтақавии АМИТ «Ховар».

Дар вохӯрӣ ба сокини деҳаи Сурхоби  Ҷамоати деҳоти Хутани ноҳияи Фархор  Меҳринисо Тухтабоева барои тарбияи хуб ва ҳидояти фарзандон ба хизмати Модар- Ватан таҳсину офарин хонда, ин амали ҷавонмардонаи фарзандони ўро намунаи ибрату шоистаи пайравӣ  арзёбӣ намуданд.

Ин модар соҳиби 7 писар буда, 6 нафари онҳо   хизмати ҳарбиро адо намуда, дар ҳифзи марзу буми Ватан саҳми худро мегузоранд.

Меринисо Тухтабоева ифтихормандона изҳор намуд, ки фарзанди ҳафтумаш низ тасмим гирифтааст, ки ихтиёран ба сафи Артиши миллӣ шомил шуда, мисли бародаронаш қарзи фарзандии худро ба ҷо оварад.

Ба даст гирифтани ин ташаббусҳои ватандўстона  боис гардидааст, ки ноҳияи Фархор чанд соли охир дар самти иҷрои нақшаи муайяншудаи ҷалби  ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар миқёси вилоят пешсаф мегардад.

Дар ҳамоиши тарғиботӣ модарони шарафманди ноҳия барои саҳми арзанда дар тарбияи фарзандони ватандӯст бо “Сипоснома”-и Раёсати кор бо занон ва оилаи вилояти Хатлон қадршиносӣ гардиданд.

Дар вохўрӣ ҳамзамон дигар масъалаҳои самти кор бо занон ва оила баррасӣ гардид.

АКС: Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон

Ноябрь 26, 2023 11:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Қубодиён бинои шуъбаи бемориҳои сироятӣ ба истифода дода шуд
Шумораи аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Ҳунармандони Тоҷикистон дар ҳаҷми 101,9 миллион сомонӣ маснуоти саноатӣ истеҳсол намудаанд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2024 дар Тоҷикистон беш аз 247 ҳазор ҷойи кори нав таъсис дода шуд
ИМРӮЗ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАНОНУ ДУХТАРОН ДАР ИЛМ. Дар Тоҷикистон 37 фоизи олимон занон мебошанд
Муовини якуми Раиси ҲХДТ Маликшо Неъматзода бо муовини Дабири кулли ИДМ Нурлан Сейтимов мулоқот намуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон беш аз 4 ҳазор зан ҳамчун хизматчии давлатӣ фаъолият мекунад
МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ – КАФИЛИ РУШДИ ҶОМЕА. Андешаҳо дар мавриди Соли маърифати ҳуқуқӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Шумораи маъюбон дар Тоҷикистон давоми чор соли охир дар як сатҳ қарор дорад
Агентии обуҳавошиносӣ: «Аз 8 то 11 феврал дар Тоҷикистон бориши барфу борон дар назар аст»
«МОДАР! ТУ БИҲИШТИ ҶОВИДОНӢ!». Таҳти ин унвон дар Суғд бахшида ба Рӯзи Модар чорабиниҳои гуногун баргузор мешаванд
Дар Душанбе оид ба татбиқи Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон саммити чорум доир шуд