МО ҲАМЕША МУШТОҚИ ДИДОРИ ҲАМДИГАРЕМ. Ҳамсари Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон хонум Ҷамила Содот Аламулҳудо бо шоирону нависандагони Тоҷикистон мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 09.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамсари Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон хонум Ҷамила Содот Аламулҳудо 8 ноябр дар шаҳри Душанбе бо шоирону нависандагони Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон вохӯрӣ ва суҳбат намуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар мулоқот намояндагони илму адаб, аҳли зиё ва ҳайати фарҳангии ҳарду давлат иштирок доштанд.
Нахуст Раиси Иттифоқи нависандагон Низом Қосим ба мулоқот оғоз бахшида, иброз намуд, ки “мояи қаноатмандӣ аст, ки ҳамкории муштарак дар соҳаи илм, фарҳанг ва адабиёт байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон густариш меёбад. Аз ҷумла, тибқи қарордодҳои Вазорати фарҳанги ҳар ду давлат китобҳои зиёди адибону нависандагони мо дар ҳар ду мамлакат чоп шудаанд. Ин иқдом, албатта, ба шиносии бештари мардуми мо мусоидат менамояд, чунки маънавиёт, диду назари ҳар миллат дар шеъраш, дар адабиёту илмаш инъикос меёбад. Бисёр хушоянд аст, ки 10 нафар адибону олимон аз Ҷумҳурии Тоҷикистон узви Фарҳангистони овозадори забону адаби Эрон мебошанд”.
Хонум Ҷамила Содот Аламулҳудо дар навбати худ изҳор намуд, ки «беҳад шодам аз ҳамкории муштарак, пазироии гарм бо шумо, мо ба мисли як хонавода, як хешовандоне ҳастем, ки ҳамеша муштоқи дидори якдигар мебошем. Мо мероси муштараки таърихиву фарҳангӣ дорем, ки барои равнақи бештари ҳамкорӣ ва муносибот бисёр муҳим аст. Хушҳол аз онем, ки дар канори адибону нависандагони тоҷик қарор доштем, аз бузургони гузаштаи ёд кардем ва руҳи ниёгони худро шод намудем», — иброз намуд номбурда.
Ҳамзамон дар вохӯрӣ адибону нависандагони маъруфи Тоҷикистон сухан гуфта, бо изҳори хушнудӣ аз рушди муносибатҳои дӯстонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон шеърҳо қироат намуданд.
Монандаи ду ахтар
Дар осмони Ховар,
Нурофару дурахшон,
Эрону Тоҷикистон.
Як умр бо дили соф,
Дар остони инсоф.
Ду парчами парафшон,
Эрону Тоҷикистон.
Бар номи хеш лоиқ,
Бар асли хеш содиқ,
Пайванди некномон.
Эрону Тоҷикистон…
Таъкид гардид, ки муносибатҳои илмиву адабӣ ва фарҳангиву сиёсии ду давлат дар сатҳи зарурӣ қарор дошта, хусусан дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон бештар густариш ёфтанд. Изҳори умед шуд, ки бо аз байн бурдани раводид байни ду давлат ин муносибатҳо боз ҳам қавитар мегарданд.
Мулоқоти адибон дар фазои дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ ба анҷом расид.
София ШОИК,
Тоҳир САИД (АКС)
АМИТ «Ховар»








Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад






