Муовини раиси Ҷамъияти тоҷикони Уляновск барои иштирок дар Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ба Тоҷикистон омад

Ноябрь 1, 2023 15:30

ДУШАНБЕ, 01.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Рӯзи сеюм аст, ки дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» идома дорад. Дар он довтлабон на танҳо аз гӯшаву канори мамлакат, балки берун аз ҷумҳурӣ низ иштирок менамоянд. Аз ҷумла, муовини раиси Ҷамъияти тоҷикони Уляновски Федератсияи Русия Камолиддин Каримов, ки дар меҳмонии АМИТ  «Ховар» қарор дошт, бо ин мақсад ба Тоҷикистон омадааст,   хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Тавре дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар»  иштирокчии озмун,  Камолиддин Каримов иброз намуд, ӯ маҳз барои иштирок дар ин озмун ба Тоҷикистон омадааст ва мақсад-  муаррифии эҷодиёти ӯ дар номинатсияи «Эҷоди наср» мебошад.

«То давраи иштирок дар озмун ба навиштани ҳикоя машғул будам. Ин озмун сабаб гардид, ки  ба навиштани драма низ сару кор гирам. Зеро тибқи талаботи озмун иштирокчиён ба он драма низ бояд пешниҳод намоянд. Драмае, ки эҷод намудам, аллакай ба забони русӣ тарҷума шуда, дар назар аст, ки моҳҳои наздик дар Театри миллии шаҳри Уляновск ба саҳна гузошта шавад», -гуфт ӯ.

Ҳамзамон мавсуф иброз дошт, ки ба ин номинатсия ду повест ва 6 ҳикоя пешниҳод намудааст, ки ба давраи нобасомонии солҳои аввали соҳибистиқлолии мамлакат бахшида шудаанд.

«Ҳадаф аз пешниҳоди ин асарҳо, пеш аз ҳама, он аст, ки насли ҷавони мо бояд огоҳ бошад, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чӣ гуна мардуми парокандаро сарҷамъ намуда, сулҳу суботро дар мамлакат пойдор намуданд. Насли ҷавон бояд донад, ки сарзамини аҷдодӣ чӣ гуна қадру манзалат дорад, бояд сулҳу ваҳдатро чун гавҳараки чашм ҳифз намуда, барои ободиву пешрафти мамлакат ҷаҳду талош намояд»,-изҳор дошт номбурда.

Ҳамсуҳбати мо мегӯяд, ки эҷодиёти ӯ ба пешгирии ҷавонон аз бегонапарастӣ, хиёнат ба манфиатҳои миллат ва давлат равона буда, мутолиаи онҳо хислатҳои ватандӯстӣ ва меҳанпарвариро дар замири хонанда бедор менамояд.

Ба андешаи Камолиддин Каримов, баргузории озмун иқдоми саривақтии Президенти мамлакат дар самти китобхон шудани сокинони мамлакат мебошад. «Зеро он таваҷҷуҳе, ки аҳли ҷомеа имрӯз ба китоб дорад, чанд сол қабл набуд. Сарвари давлат имрӯз анъанаи китобхониро дар байни ҷомеа дубора эҳё намуданд. Ин иқдоме аст, ки тавассути он ҳар сокини мамлакат метавонад бо фарҳангу тамаддун ва таърихи гузаштаи худ шинос шавад», -гуфт ӯ.

Ҳамсуҳбати мо ба масъулини озмунҳои ҷумҳуриявӣ пешниҳод намуд, ки хуб мешуд дар низомномаи солҳои оянда аз рӯи ҳар як номинатсия як ҷойи ифтихорӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ ҷудо гардад.

«Зеро ҷавононе ҳастанд, ки барои дар ин гуна озмунҳо иштирок намудан майлу рағбати зиёд доранд. Бисёре аз онҳо ба китобхонаҳои шаҳри Уляновск аъзо буда, пайваста ба мутолиаи адабиёти ҷаҳон машғул ҳастанд. Аз ин хотир ташкили як номинатсияи алоҳида барои шаҳрвандони берун аз мамлакат метавонад дар баланд бардоштани завқи китобхонии онҳо саҳм гузошта, ҷавононро аз даст задан ба амалҳои нолозим ва ифротӣ боз дорад»,-афзуд Камолиддин Каримов.

Иштирокчии озмун иброз медорад, ки ин озмун, пеш аз ҳама, падару модаронро водор месозад, ки дар тарбияи фарзандон бештар ҷаҳд намуда, саҳми назаррас гузоранд. Онҳоро аз хурдӣ ба мутолиаи китоб ҳавасманд намуда, аз беҳудагардиву машғулияти нолозим эмин нигоҳ доранд. Зеро яке аз  талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ҳаминро тақозо менамояд.

Камолиддин Каримов изҳори умед намуд, ки дар Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ғолиб омада, бо имзои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сипоснома мегирад, зеро сазовор шудан ба ин гуна мукофот орзуи деринаи ӯ мебошад.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 1, 2023 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишгоҳи политехникии Москва бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ ва фарҳанги истифодаи неруи барқ ҳамоиш доир шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст