Муовини раиси Ҷамъияти тоҷикони Уляновск барои иштирок дар Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ба Тоҷикистон омад

Ноябрь 1, 2023 15:30

ДУШАНБЕ, 01.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Рӯзи сеюм аст, ки дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» идома дорад. Дар он довтлабон на танҳо аз гӯшаву канори мамлакат, балки берун аз ҷумҳурӣ низ иштирок менамоянд. Аз ҷумла, муовини раиси Ҷамъияти тоҷикони Уляновски Федератсияи Русия Камолиддин Каримов, ки дар меҳмонии АМИТ  «Ховар» қарор дошт, бо ин мақсад ба Тоҷикистон омадааст,   хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Тавре дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар»  иштирокчии озмун,  Камолиддин Каримов иброз намуд, ӯ маҳз барои иштирок дар ин озмун ба Тоҷикистон омадааст ва мақсад-  муаррифии эҷодиёти ӯ дар номинатсияи «Эҷоди наср» мебошад.

«То давраи иштирок дар озмун ба навиштани ҳикоя машғул будам. Ин озмун сабаб гардид, ки  ба навиштани драма низ сару кор гирам. Зеро тибқи талаботи озмун иштирокчиён ба он драма низ бояд пешниҳод намоянд. Драмае, ки эҷод намудам, аллакай ба забони русӣ тарҷума шуда, дар назар аст, ки моҳҳои наздик дар Театри миллии шаҳри Уляновск ба саҳна гузошта шавад», -гуфт ӯ.

Ҳамзамон мавсуф иброз дошт, ки ба ин номинатсия ду повест ва 6 ҳикоя пешниҳод намудааст, ки ба давраи нобасомонии солҳои аввали соҳибистиқлолии мамлакат бахшида шудаанд.

«Ҳадаф аз пешниҳоди ин асарҳо, пеш аз ҳама, он аст, ки насли ҷавони мо бояд огоҳ бошад, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чӣ гуна мардуми парокандаро сарҷамъ намуда, сулҳу суботро дар мамлакат пойдор намуданд. Насли ҷавон бояд донад, ки сарзамини аҷдодӣ чӣ гуна қадру манзалат дорад, бояд сулҳу ваҳдатро чун гавҳараки чашм ҳифз намуда, барои ободиву пешрафти мамлакат ҷаҳду талош намояд»,-изҳор дошт номбурда.

Ҳамсуҳбати мо мегӯяд, ки эҷодиёти ӯ ба пешгирии ҷавонон аз бегонапарастӣ, хиёнат ба манфиатҳои миллат ва давлат равона буда, мутолиаи онҳо хислатҳои ватандӯстӣ ва меҳанпарвариро дар замири хонанда бедор менамояд.

Ба андешаи Камолиддин Каримов, баргузории озмун иқдоми саривақтии Президенти мамлакат дар самти китобхон шудани сокинони мамлакат мебошад. «Зеро он таваҷҷуҳе, ки аҳли ҷомеа имрӯз ба китоб дорад, чанд сол қабл набуд. Сарвари давлат имрӯз анъанаи китобхониро дар байни ҷомеа дубора эҳё намуданд. Ин иқдоме аст, ки тавассути он ҳар сокини мамлакат метавонад бо фарҳангу тамаддун ва таърихи гузаштаи худ шинос шавад», -гуфт ӯ.

Ҳамсуҳбати мо ба масъулини озмунҳои ҷумҳуриявӣ пешниҳод намуд, ки хуб мешуд дар низомномаи солҳои оянда аз рӯи ҳар як номинатсия як ҷойи ифтихорӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ ҷудо гардад.

«Зеро ҷавононе ҳастанд, ки барои дар ин гуна озмунҳо иштирок намудан майлу рағбати зиёд доранд. Бисёре аз онҳо ба китобхонаҳои шаҳри Уляновск аъзо буда, пайваста ба мутолиаи адабиёти ҷаҳон машғул ҳастанд. Аз ин хотир ташкили як номинатсияи алоҳида барои шаҳрвандони берун аз мамлакат метавонад дар баланд бардоштани завқи китобхонии онҳо саҳм гузошта, ҷавононро аз даст задан ба амалҳои нолозим ва ифротӣ боз дорад»,-афзуд Камолиддин Каримов.

Иштирокчии озмун иброз медорад, ки ин озмун, пеш аз ҳама, падару модаронро водор месозад, ки дар тарбияи фарзандон бештар ҷаҳд намуда, саҳми назаррас гузоранд. Онҳоро аз хурдӣ ба мутолиаи китоб ҳавасманд намуда, аз беҳудагардиву машғулияти нолозим эмин нигоҳ доранд. Зеро яке аз  талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ҳаминро тақозо менамояд.

Камолиддин Каримов изҳори умед намуд, ки дар Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ғолиб омада, бо имзои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сипоснома мегирад, зеро сазовор шудан ба ин гуна мукофот орзуи деринаи ӯ мебошад.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 1, 2023 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Истаравшан 38 синфхонаи иловагӣ бо фарогирии 2160 ҷойи нишаст ба истифода дода мешавад
ОЁ ДАР МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМӢ НОРАСОИИИ КАДРӢ МАВҶУД АСТ? Ин масъаларо дар Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон шарҳ доданд
Дар арафаи соли нави таҳсил маҷаллаҳои «Омӯзгор ва замон» ва «Омӯзгори муосир» аз чоп баромаданд
ИЛМУ МАЪРИФАТ ИСТИҚЛОЛИ МИЛЛАТРО ҶОВИДОН ГАРДОНИДА, ОНРО ТАҲКИМ МЕБАХШАД. Назари президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар ин мавзуъ
ПАГОҲ СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ ОҒОЗ МЕЁБАД. Оё шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо китобҳои дарсӣ таъминанд?
Эмомалӣ Раҳмон: «Хонед, омӯзед, аз имкониятҳои фароҳамовардаи давлату Ҳукумат самаранок истифода баред. Ояндаи Тоҷикистон ва тақдири давлату миллат дар дасти шумост!».
126 довталаб аз Душанбе ба даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» роҳхат гирифт
Дар корхонаи дӯзандагии «Ҷамолбӣ»-и ноҳияи Муъминобод барои 1100 хонанда либоси мактабӣ дӯхта шуд
СОЛИ НАВИ ХОНИШ. Имсол дар Тоҷикистон сохтмони 360 мактаб ва бинои иловагӣ дар назди муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ба нақша гирифта шудааст
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ МАОРИФ. Дар ин давра дар Тоҷикистон 3430 муассисаи нави таълимӣ сохта шудааст
33-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Танҳо дар як рӯз дар Душанбе 3 мактаб барои зиёда аз 7 ҳазор хонанда бо фарогирии 400 ҷойи нави корӣ ба истифода дода шуд
«ТАЪТИЛРО БОСАМАР ГУЗАРОНЕМ!». Ин озмун дар Рӯзи китоб ҷамъбаст мегардад