Набимуҳаммад Хоркашев чемпиони ҷаҳон оид ба гӯштини ҷудо байни собиқадорон гардид

Ноябрь 4, 2023 14:00

ДУШАНБЕ, 04.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Паҳлавони тоҷик Набимуҳаммад Хоркашев дар вазни ҷамъи 100 кило чемпиони ҷаҳон оид ба гӯштини ҷудо байни собиқадорон шуд. Мусобиқа дар шаҳри Абузабии АМА аз 31 октябр то 3 ноябр баргузор гардид. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар медиҳад.

Набимуҳаммад Хоркашев дар чаҳор рақобат 3 ҷудочии қазоқ ва 1 ҷудочии узбекро мағлуб намуда, соҳиби медали тиллои мусобиқа гардид. Варзишгари дигари тоҷик Мақсадшо Бердиев пас аз пирӯзӣ бар ҷудочиёни Озарбойҷон, Фаронса, Италия, дар финал аз намояндаи Гурҷистон шикаст хӯрда, сазовори медали нуқра шуд.

Ёдовар мешавем, ки дар рӯзи якуми мусобиқа ду паҳлавони дигари тоҷик Ҳабибулло Маҷидов дар вазни то 81 кг ва Хайрулло Назриев дар вазни +100 кг соҳиби медали биринҷӣ гардиданд. Дар рӯзи дуюми мусобиқа ҷудочии дигари мамлакат Беҳрӯз Сабзалиев дар вазни +100кг медали сеюми биринҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи сатҳи баланд ба даст овард.

Дар мусобиқа 1011 варзишгар аз 68 давлати ҷаҳон иштирок намуданд.

Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 21 паҳлавон намояндагӣ намуда, соҳиби як медали тилло, як медали нуқра ва се медали биринҷӣ гардиданд.

АКС аз манбаъҳои боз

Ноябрь 4, 2023 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд