ОБОДОНӢ ДАР МАҲАЛ. Дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Работи шаҳри Турсунзода 11 километр роҳҳои байнидеҳавӣ бетонпӯш гардиданд

Ноябрь 20, 2023 08:51

ДУШАНБЕ, 20.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва саҳми соҳибкорону сокинони маҳаллӣ аз оғози соли равон 11 км роҳҳои байнидеҳавии деҳоти “Работ”-и шаҳри Турсунзода  бетонпӯш ва 3 км асфалтпӯш гардиданд. Дар амалӣ намудани корҳои ободонӣ саҳми соҳибкорони маҳаллӣ ва ҷавонони фаъоли деҳот назаррас мебошад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода хабар медиҳад.

 Дар ҷараёни боздид роҳбарияти шаҳр бо корҳои бетонпӯшкунӣ дар деҳаҳои Қипчоқ ва Ширкент шинос шуд.

Барои анҷоми корҳои бетонпӯшкунӣ ба сокинони деҳаи Хайробод, ки зиёда аз 1,5 км роҳи байнидеҳавиро пурра аз таъмир бароварданд, изҳори сипоси роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзодаро расонида шуда, ба фаъолону саҳмгузорони деҳа Сипосномаи раиси шаҳр тақдим гардид.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода

Ноябрь 20, 2023 08:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд