Олимони ҷавони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар Форуми олимони ҷавон дар Москва сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд

Ноябрь 8, 2023 13:14

ДУШАНБЕ, 08.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. 1-4 ноябр дар Академияи илмҳои Русия Форуми академии олимони ҷавони мамлакатҳои Авруосиёи Бузург «Қитъаи илм» баргузор гардид, ки дар он олимони ҷавони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон низ иштирок намуданд. Олимони ҷавони Академияи миллии илмҳо бо маърузаҳои илмӣ  баромад намуда, сазовори ҷойҳои 1 ва 3, инчунин  сертификату дипломҳои Кумитаи тадорукоти форум дониста шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар доданд.

Корманди Маркази мероси хаттии назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар бахши «Ҳифзи мерос» Саидҷалол Ҳафизов сазовори ҷои 1-ум ва диплом, корманди Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Некбахт Дороншоева дар бахши «Ҳифзи мерос» сазовори ҷои 3-юм ва диплом, корманди Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Парвина Сайдалиева дар бахши «Амнияти озуқаворӣ» (илмҳои кишоварзӣ) сазовори ҷои 3-юм ва диплом гардиданд.

Бояд тазаккур дод, ки форум бахшида ба 300-солагии Академияи илмҳои Русия дар ҳамкорӣ бо Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Ассотсиатсияи байналмилалии академияҳои илмҳо доир гардида, ҳадафи он фароҳам овардани платформаи муоширати ҷавонони боистеъдод дар фазои мушорикати бузурги Авруосиё, муҳокимаи мушкилоти муосири илмӣ, барқарор намудани равобиту тамосҳои нави касбӣ, табодули таҷриба ва омӯзиши имконоти гузаронидани таҳқиқоти муштарак арзёбӣ мегардад.

Дар форуми имсола ҷуғрофиёи иштирокчиён васеъ шуда, олимони ҷавон аз Тоҷикистон, Русия, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон, Туркманистон, Арманистон, Озарбойҷон, Чин, Ҳиндустон, Эрон, Муғулистон, Ветнам, Индонезия, Покистон, Сербия, Венгрия, Эфиопия, Миср ва Сурия дар он фаъолона иштирок намуданд.


Соли равон форум сессияҳои мавзуӣ дар шаш самти зерин: зеҳни сунъӣ (математика, технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ); физика (нанотехнология, технологияи квантӣ); химия ва маводшиносӣ; насли солим (технологияҳои биологӣ ва тиббӣ, иқлим ва экология); амнияти озуқаворӣ (илмҳои кишоварзӣ); ҳифзи мерос (илмҳои гуманитарӣ, иҷтимоӣ)-ро дар бар гирифт.

Бояд тазаккур дод, ки Форуми академии олимони ҷавони мамлакатҳои Авруосиёи Бузург «Қитъаи илм» ҳамасола дар шакли ҳузурӣ баргузор шуда, ҷиҳати табодули таҷриба, ташаккули фазои ягонаи илмию технологӣ ва таҳкими робитаҳои илмию техникии олимони ҷавон мусоидат менамояд.

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар оянда низ олимони ҷавони тоҷикро ҷиҳати иштирок ва муаррифии дастовардҳои илмӣ ба ин гуна форумҳо ҷалб менамояд.

АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Ноябрь 8, 2023 13:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид