«ПАРЧАМ-РАМЗИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конференсия баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 22.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Парчам–рамзи давлатдории миллӣ» конференсияи илмию амалӣ баргузор шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар ҷамъомад дар мавзуъҳои «Парчам-рамзи давлатдорӣ ва ватанпарварӣ», «Тасвири парчами Каёнӣ дар сиккаҳои қадима», «Парчам – рамзи истиқлоли давлатӣ» сухан рафт.
Иброз гардид, ки мардумони ҷаҳон, хосса тоҷикон, ки дар таърих бештар аз дигарон мавриди таҷовузи бегонагон қарор гирифтаанд, зимни муборизаҳои озодихоҳона баҳри расидан ба истиқлолият, ки гаронмоятарин арзиш барои ҳар миллати озода маҳсуб мешавад, таҳти парчаме, ливое ё аламе, шуруъ аз пешдомани чармини Коваи оҳангар то Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муттаҳид мешуданд. Аз ин лиҳоз, парчам пеш аз ҳама, таҷассумгари муборизаҳои тӯлонии озодихоҳона ва гувоҳи руҳияи истиқлолиятхоҳонаи ҳар миллат ба ҳисоб меравад. Парчами тоҷикон давоми ҳазорсолаҳо борҳо таҳаввул намудааст, вале рисолати истиқлолиятхоҳии хешро маҳфуз дошта, то ба ҳадди рамзи муқаддаси давлатӣ ё рамзи истиқлолияти давлатӣ расидааст.
Мояи ифтихор аст, ки имрӯз ин парчами муқаддас ливои озодию истиқлолият, сиёсати созандагиву бунёдкорӣ ва меҳнати фидокоронаи халқамон баҳри шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад. Бинобар ин ҳар яки моро зарур аст, ки бо ҳисси баланди шаҳрвандию ифтихори миллӣ ва дарки масъулият ба рамзҳои давлатӣ: Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ, суннату арзишҳои олии давлату давлатдорӣ арҷ гузорем. Бояд ин амал ба қарзи шаҳрвандӣ ва номуси ватандории мо мубаддал гардад.
Қадршиносии Парчами давлатӣ арҷгузориву ифтихор аз давлат, аз гузашта, имрӯз ва фардои халқ буда, яке аз омилҳои муҳимми худшиносӣ ба ҳисоб меравад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид






