Парчами Тоҷикистон, ки соли 2009 дар Антарктида афрохта шуд, ба Осорхонаи миллӣ тақдим гардид
ДУШАНБЕ, 23.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши идона баргузор гардид, ки зимни он аз ҷониби директори Маркази омӯзиши пиряҳо Абдулҳамид Қаюмов Парчами Тоҷикистон, ки соли 2009 дар доираи экспедитсияи омӯзишӣ дар Антарктида парафшон гардида буд, ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон супорида шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Осорхонаи миллӣ.
Дар ҳамоиш иброз гардид, ки дар фарҳанги давлатдории тоҷикон парчам ва парчамдорӣ таърихи хеле қадим ва рангин дошта, он дар осори хаттӣ, бозёфтҳои бостоншиносӣ, бахусус деворнигораҳои мухталиф, сарчашмаҳои таърихию адабӣ ва достону қиссаҳои мардумӣ инъикос ёфтааст.
Ёдоварӣ шуд, ки 24 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи ХVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид ва бо ҳамин ҷумҳурии мо соҳиби яке аз рамзҳои асосии давлати соҳибистиқлол гардид.
Дар ин замина, соли 2007 бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Парчами нахустини давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 24 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи ХVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ ва қабул гардид, барои ҳифз ва муаррифӣ ба Осорхонаи миллӣ эҳдо гардид.
Бояд гуфт, ки 24 ноябри соли 2022 Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба муддати 193 рӯз дар кайҳон қарор дошт, аз ҷониби кайҳоннавард Солеҳҷон Шарифов расман ба Осорхонаи миллӣ тақдим гардид.
АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон











Ҳайати Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии донишҷӯёни ИДМ иштирок намуд
ҲАМДИЛӢ АЗ ҲАМЗАБОНӢ БЕҲТАР АСТ. Эҳдо ба Рӯзи бузургдошти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон оид ба дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ ҳамоиш доир гардид
Моҳи октябр дар Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ доир мегардад
Дар Душанбе Рӯзҳои кинои Эрон баргузор мегарданд
Дар Рим Намоишгоҳи байналмилалии «Тоҷикистон – кишвари ёдгориҳои нодир» ташкил карда мешавад
Ба ифтихори дохил гардидани Резервати биосферии Ромит ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои биосферии ЮНЕСКО конфронс доир шуд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
«ТОҶИ СОМОН». Марҳилаи интихоби беҳтарин филмҳо барои синамоҷоизаи миллӣ оғоз гардид
Котиби генералии Ассамблеяи парламентии Осиё дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуд
Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ «Тамаддуни ориёӣ ва рисолати таърихии миллати тоҷик» нашр шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар вилояти Суғд 152 иншооти фарҳанг бунёд ва таъмиру таҷдид гардидааст






