«ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ВА РУШДИ ИЛМИ ТОҶИК». Дар Душанбе таҳти ин унвон китоби Фарҳод Раҳимӣ муаррифӣ мегардад

Ноябрь 20, 2023 12:04

ДУШАНБЕ, 20.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. 21 ноябр дар Маркази «Пажӯҳиши афкори илмӣ ва сиёсии Пешвои миллат»-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маҷмуаи мақолаҳои президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ таҳти унвони «Пешвои миллат, истиқлоли давлатӣ ва рушди илми тоҷик» муаррифӣ мегардад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи миллии илмҳо хабар медиҳад.

Дар китоб фаъолияти сиёсӣ, илмӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давоми сӣ соли соҳибистиқлолӣ муаррифӣ гардида, он аз 10 мақола иборат аст.

Дар сарсухани муаллиф омадааст, ки «дар таърихи давлатдории навини тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон на танҳо барои таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, таъмини бақою ҳастии имрӯзу фардои Тоҷикистон, балки барои эҳё намудани арзишҳои волои фарҳангии миллӣ хизматҳои шоиста намудаанд».

АКС: Академии миллии илмҳои Тоҷикистон

Ноябрь 20, 2023 12:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст