ПРЕЗИДЕНТ-КАФИЛИ ЗИНДАГИИ ШОИСТА. Дар Осорхонаи миллӣ ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 15.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. 14 ноябр дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Президент-ҳомии манфиатҳои миллӣ ва кафили зиндагии шоиста» ҳамоиши илмӣ-фарҳангӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи экскурсионӣ ва оммавии Осорхонаи миллӣ Фаридун Кенҷаев хабар дод.
Ҳамоиш бо ташаббуси Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шуда, зимни он иброз гардид, ки муҳимияти таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он аст, ки мо бояд фаъолияти пурсамару ибратбахши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро қадр намоем. Зеро, маҳз ба шарофати сиёсати муваффақонаву боровар, талошҳои пайваста дар роҳи ободиву осоиши Ватан, азму ҷасорати қавӣ, арҷгузорӣ ба таърихи пурғановати миллати бостонии тоҷик ва ташаббусҳои созандаву некбинонаи Сарвари давлатамон ҷомеаи ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон бо нигоҳи боэътимод ва хайрхоҳона назар дорад.
Шоистаи ёдоварӣ аст, ки Осорхонаи миллӣ зодаи давраи соҳибистиқлолӣ буда, бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфтааст. Дар ин даврон аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Осорхонаи миллӣ 2658 ёдгории таърихию фарҳангӣ эҳдо гардидаанд, ки аҳамияти бузурги таърихӣ ва осорхонавӣ доранд. Бо истифода аз ин ашёи муҳим дар Осорхонаи миллӣ «Толори туҳфаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ташкил шудааст.
Дар доираи ҳамоиши илмӣ-фарҳангӣ аз ҷониби роҳбаладони Осорхонаи миллӣ барои меҳмонон дар «Толори туҳфаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар гӯшаҳои намоишӣ экскурсияҳо гузаронида шуданд.
АКС: АМИТ «Ховар»













Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст






