Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо муовини Раиси Девони вазирони Туркманистон Тангригули Атахаллиев мулоқот анҷом доданд
ДУШАНБЕ, 28.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо муовини Раиси Девони вазирони Туркманистон Тангригули Атахаллиев мулоқот анҷом доданд.
Дар оғози суҳбат Пешвои миллат меҳмони олиқадрро ба муносибати таъйин шудан ҳамчун ҳамраиси Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркманистон оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию техникӣ табрик намуданд.
Сарвари давлат таъкид намуданд, ки муносибатҳои мо бо Туркманистон дар сатҳи баланди эътимод ва ҳусни тафоҳум ҷараён мегиранд.
«Натиҷаҳои судманди сафари давлатии Президенти Туркманистон Сердар Гурбангулиевич Бердимуҳамедов ба Тоҷикистон, ки моҳи майи соли равон анҷом дода шуд, тасдиқи ин гуфтаҳо мебошанд», — иброз доштанд Пешвои миллат.
Дар ин замина Пешвои миллат ҳамчунин таъкид намуданд, ки ҷониби Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои тавофуқоти бадастомада зимни сафари Президенти Туркманистон нақшаи чорабиниҳои фарогирро қабул намудааст.
Сарвари давлат изҳори умед намуданд, ки фаъолияти Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркманистон оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию техникӣ ба пешрафти тамоми маҷмӯи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Туркманистон мусоидат хоҳад намуд.
Бояд гуфт, ки ҷаласаи навбатии Комиссия дар ин рӯзҳо дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.








Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Федеративии Бразилия Луис Инасиу Лула да Силва барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Тавзеҳот ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Маттео Патроне мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор вазорату идораҳо таъиноти кадрӣ ба амал оварданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд






