Раиси вилояти Хатлон бо ҷараёни корҳои навсозии Мадрасаи Хоҷа Машҳад шинос шуд
ДУШАНБЕ, 28.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. 25 ноябр Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо ҷараёни корҳои навсозии Мадрасаи Хоҷа Машҳад дар деҳаи Сайёди ноҳияи Шаҳритус шинос гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон хабар доданд.
Гуфта шуд, ки мувофиқи нақша корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот соли 2022 оғоз гардида, давоми беш аз 1 сол як қисми ҳавлии он ба таври замонавӣ бо сатҳу сифати баланд сохта, ба истифода дода шуд. Зимни корҳои сохтмонӣ аз 10 то 15 сокини маҳалӣ ба кор ва маоши хуб таъмин гардиданд.
Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи «Рушди иқтисодиёт»-и Бонки ҷаҳонӣ як қисми ҳавлии Мадрасаи Хоҷа Машҳад бо усули муосири меъморӣ навсозӣ шудааст.
Иттилоъ дода шуд, ки мадраса дар асрҳои 9-12 сохта шуда, ҳоло аз ин ёдгории таърихӣ ду бинои гунбазу равоқдори аз хишти пухта ба ҳам пайваста боқӣ мондааст. Бинои тарафи рост қисми қадимтарини ёдгорӣ мебошад.
Дар атрофи ин мавзеъ инфрасохтори хизматрасонӣ ва ҳомстейҳо ташкил мегарданд, ки дар рушди соҳаи сайёҳӣ, ҷалби бештари сайёҳон, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии аҳолии маҳал саҳми арзанда мегузоранд.
Раиси вилоят баъд аз шиносоӣ ба кори сохтмончиён баҳои баланд дода, иброз намуд, ки иншооти ҷашнӣ бояд бо сифати баланд сохта, ба истифода дода шаванд.
АКС: Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон








Китоби «Сотим Улуғзода дар шинохти Пешвои миллат» ба нашр расид
Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд






