Раиси вилояти Хатлон бо ҷараёни корҳои навсозии Мадрасаи Хоҷа Машҳад шинос шуд

Ноябрь 28, 2023 16:23

ДУШАНБЕ, 28.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. 25 ноябр Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо ҷараёни  корҳои навсозии Мадрасаи Хоҷа Машҳад дар деҳаи Сайёди ноҳияи Шаҳритус шинос гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон хабар доданд.

Гуфта шуд, ки мувофиқи нақша корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот соли 2022 оғоз гардида, давоми беш аз 1 сол як қисми ҳавлии он ба таври замонавӣ бо сатҳу сифати баланд сохта, ба истифода дода шуд. Зимни корҳои сохтмонӣ аз 10 то 15  сокини маҳалӣ ба кор ва маоши хуб таъмин гардиданд.

Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи «Рушди иқтисодиёт»-и Бонки ҷаҳонӣ як қисми ҳавлии Мадрасаи Хоҷа Машҳад бо усули муосири меъморӣ навсозӣ шудааст.

Иттилоъ дода шуд, ки мадраса дар асрҳои 9-12 сохта шуда, ҳоло аз ин ёдгории таърихӣ ду бинои гунбазу равоқдори аз хишти пухта ба ҳам пайваста боқӣ мондааст. Бинои тарафи рост қисми қадимтарини ёдгорӣ мебошад.

Дар атрофи ин мавзеъ инфрасохтори хизматрасонӣ ва ҳомстейҳо ташкил мегарданд, ки дар рушди соҳаи сайёҳӣ, ҷалби бештари сайёҳон, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии аҳолии маҳал саҳми арзанда мегузоранд.

Раиси вилоят баъд аз шиносоӣ ба кори сохтмончиён баҳои баланд дода, иброз намуд, ки иншооти ҷашнӣ бояд бо сифати баланд сохта, ба истифода дода шаванд.

АКС: Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон

Ноябрь 28, 2023 16:23

Хабарҳои дигари ин бахш

«Қалъаи Хуҷанд» ба рӯйхати 10 мавзеи ҷолиби сайёҳии Тоҷикистон шомил гардидааст
Дар мавзеи Сари Майни ноҳияи Айнӣ корҳои омӯзишии бостоншиносӣ ва антропологӣ оғоз ёфт
Санъаткорони Қирғизистон Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо карданд
Дар Душанбе бо мақсади рушди ҳамкорӣ дар самти илмҳои яхшиносӣ вохӯрӣ баргузор гардид
Ба Маркази мероси хаттӣ беш аз 100 нусха китобҳои чопи сангӣ ва дастнависҳо тақдим гардид
«ШОҲНОМА». Фирдавсӣ дар сар то сари ин асари безавол дӯст доштани Ватанро таъкид мекунад
Беш аз 23 ҳазор нусха китобҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фиристода шуд
«ДӮСТИИ АБАДӢ». Таҳту чунин унвон барномаи фарҳангии Тоҷикистон ва Қирғизистон доир мегардад
Собиқ Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Тамара Абдушукурова аз олам даргузашт
Ҷаласаи вазирони фарҳанги давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир гардид
Имсол дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 8 озмоишгоҳи замонавӣ ба истифода дода шуд
ҲАРГИЗ НАМИРАД ОН КИ ДИЛАШ ЗИНДА ШУД БА ИШҚ. Девони Ҳофиз дар Тоҷикистон беш аз сад маротиба ба нашр расидааст