«САДОҚАТИ ЗАНОНУ МОДАРОН БА ПЕШВОИ МИЛЛАТ-САДОҚАТ БА ВАТАН АСТ». Таҳти ин унвон дар Фархор форуми занон доир шуд
ДУШАНБЕ, 14.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Фархор таҳти унвони «Садоқати занону модарон ба Пешвои миллат-садоқат ба Ватан аст» форуми занони ноҳия баргузор гардид, ки дар ҷараёни он муовини аввали раиси Шурои ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар ноҳияи Фархор, роҳбарияти ноҳия, гулдухтарон ва занони фаъоли ноҳия иштирок намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» котиби матбуоти Раиси ноҳияи Фархор хабар медиҳад.
Форум аз намоиши иқдоми тарғиботии «Тоҷикона мепӯшем» оғоз гардид, ки дар он беш аз 450 нафар занон, модарон ва ҷавондухтарон иштирок доштанд.
Сипас ҷамъомадагон бо намоиши асарҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳунарҳои мардумӣ, ки дар даромадгоҳи муассиса ба маърази тамошо гузошта шуда буд, шинос шуданд.
Дар ҳамоиш доир ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иди касбии милитсияи тоҷик, таърихи таъсису ташаккул ва нақши онҳо дар таҳкими Истиқлол сухан гуфта шуд.
Ҳамзамон ба як гурӯҳ занони фаъол ва собиқадорони соҳаҳои гуногун барои ҳисси баланди масъулиятшиносӣ, садоқат ба Ватану миллат, пуршарафона иҷро намудани вазифаҳои хизматӣ ва иштироки фаъолона ифтихорномаву сипосномаҳои Раиси ноҳияи Фархор ва туҳфаҳои хотиравū супорида шуданд.
АКС: Маркази матбуоти Раиси ноҳияи Фархор








ИҶЛОСИЯИ XVI – ЗАМИНАИ ТАЪРИХИИ ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРӢ, ҚОНУНИЯТ ВА АДОЛАТИ СУДӢ. Андешаҳо дар ин маврид
Дар Норак осоишгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ ифтитоҳ гардид
АЗ НАСБИ ПАНЕЛҲОИ ОФТОБӢ ТО ЗАХИРАИ СӮЗИШВОРӢ. Муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон ба зимистони солҳои 2026–2027 омода мебошанд
Дар Бохтар бахшида ба Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ конференсияи ҳизбӣ баргузор шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд






