«САДОҚАТИ ЗАНОНУ МОДАРОН БА ПЕШВОИ МИЛЛАТ-САДОҚАТ БА ВАТАН АСТ». Таҳти ин унвон дар Фархор форуми занон доир шуд

Ноябрь 14, 2023 17:47

ДУШАНБЕ, 14.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Фархор таҳти унвони «Садоқати занону модарон ба Пешвои миллат-садоқат ба Ватан аст» форуми занони ноҳия баргузор гардид, ки дар ҷараёни он муовини аввали раиси Шурои ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар ноҳияи Фархор, роҳбарияти  ноҳия, гулдухтарон ва занони фаъоли ноҳия иштирок намуданд. Дар ин хусус ба  АМИТ «Ховар» котиби матбуоти Раиси ноҳияи Фархор хабар медиҳад.

Форум аз намоиши иқдоми тарғиботии «Тоҷикона мепӯшем» оғоз гардид, ки дар он беш аз 450 нафар занон, модарон ва ҷавондухтарон иштирок доштанд.

Сипас ҷамъомадагон бо намоиши асарҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳунарҳои мардумӣ, ки дар даромадгоҳи муассиса ба маърази тамошо гузошта шуда буд, шинос шуданд.

Дар ҳамоиш доир ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иди касбии милитсияи тоҷик, таърихи таъсису ташаккул ва нақши онҳо дар таҳкими Истиқлол сухан гуфта шуд.

Ҳамзамон ба як гурӯҳ занони фаъол ва собиқадорони соҳаҳои гуногун барои ҳисси баланди масъулиятшиносӣ, садоқат ба Ватану миллат, пуршарафона иҷро намудани вазифаҳои хизматӣ ва иштироки фаъолона ифтихорномаву сипосномаҳои Раиси ноҳияи Фархор ва туҳфаҳои хотиравū супорида шуданд.

АКС: Маркази матбуоти Раиси ноҳияи Фархор

Ноябрь 14, 2023 17:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Аз 9 то 13 июл дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво то 5 дараҷа паст мешавад
Байни Тоҷикистон ва Қирғизистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи иҷтимоӣ ба имзо расид
ИМРӮЗ — РӮЗИ МАЪЮБОН. Дар Тоҷикистон заминаи ҳуқуқии ҳифзи иҷтимоии маъюбон фароҳам оварда шудааст
Пагоҳ дар баъзе аз кӯчаҳои Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан қатъ мегардад
Дар Душанбе вобаста ба ҳимояи ҳуқуқи инсон дар шароити рақамикунонӣ ҳамоиш баргузор шуд
Гурӯҳи корӣ бо рафти корҳои сохтмонии манзилҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод шинос гардид
Дар Тоҷикистон доир ба пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ давраи омӯзишӣ ҷараён дорад
Гармии шадиди ҳаво боиси авҷи кадом бемориҳо мегардад?
Басти дуюми истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол» дар ноҳияи Варзоб оғоз гардид
Чӣ тавр худро аз гармии тобистон муҳофизат кунем? Донистани роҳҳои дурусти он муҳим аст
Дар дарёи Ёхсу корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ҷараён доранд
Огоҳӣ! Дар Тоҷикистон ҳавои гарму хушк пешгӯӣ мешавад