Сари вақт гузаронидани иммунизатсия имкон медиҳад, ки кӯдакон аз бемориҳои сироятӣ ҳифз шаванд
ДУШАНБЕ, 20.11.2023 / АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар додем, аз 20 то 30 ноябр дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи оммавӣ бар зидди сирояти пневмококкӣ байни кӯдакони осебпазири аз якунимсола то панҷсолаи аҳолии мамлакат гузаронида мешаванд. Дар доираи он имрӯз дар шаҳри Душанбе брифинг доир гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар брифинг сардори Раёсати амнияти санитарӣ-эпидемиологии ҳолатҳои фавқулода ва кумаки фаврию тиббии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари Намояндагии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.
Иброз гардид, ки пешгирии бемориҳои сироятӣ, паст намудани фавт аз онҳо, таъмини сатҳи баланди фарогирӣ бо иммунизатсия ва риояи ҳатмии иммунизатсияи тақвимӣ бо қоидаҳои асосии бехатарӣ яке аз самтҳои асосии фаъолият ва вазифаҳои соҳаи тандурустӣ ба ҳисоб меравад.
Тазаккур дода шуд, ки дар саросари ҷаҳон сирояти пневмококкӣ яке аз мушкилиҳои ҷиддии саломатии чамъиятӣ ба ҳисоб меравад. Сирояти пневмококкӣ боиси зиёдшавии бемориҳои вазнини инвазивӣ, ба монанди менингит, сепсис ва пневмония, инчунин бемориҳои сабуктар, чун отити гӯши миёна, синусит ва бронхит мегардад. Аз рӯи натиҷаҳои баҳодиҳии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, ҳамасола дар саросари ҷаҳон беш аз 500 ҳазор кӯдакони то 5 — сола аз бемориҳои пневмококкӣ, алалхусус кӯдакони то 2-солаи давлатҳои рӯ батараққӣ мефавтанд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳияти воридкунии ваксинаи зидди сирояти пневмококкиро ҳачун афзалияти калидӣ дар коҳиш додани сатҳи бемориҳои пневмококкӣ байни кӯдакони мақсадноки мамлакат шуморида, иммунизатсияи онро дар нақшаи чорабиниҳои «Барномаи миллии иммунопрофилактика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» тасдиқ намуд.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар амалигардонии нақшаи чорабиниҳои Барномаи миллии дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон ва Алянси глабалии ваксинаҳо ва иммунизатсия соли 2022 ваксинаи зидди сирояти пневмококкиро (ВПК) ба ҷумҳурӣ ворид намуда, тибқи Тақвими миллии иммунизатсия эмкунии онро аз 1 ноябри соли 2022 байни кӯдакони синнашон 2, 4 ва 12-моҳа оғоз намуд.
Бо мақсади коҳиш додани бемориҳои пневмококкӣ байни кӯдакони осебпазири аҳолии мамлакат (аз 15-моҳа то 5-сола), ки то давраи ба ҷумҳурӣ воридкунии ваксинаи ВПК (ноябри соли 2022) бар зидди сирояти пневмококкӣ масуният надоштанд, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифт, ки аз 20 то 30 ноябр Рӯзҳои иммунизатсияи оммавиро бар зидди сирояти пневмококкӣ байни ин гурӯҳи мақсадноки аҳолӣ, яъне кӯдаконе, ки аз 1 декабри соли 2018 то 31 августи соли 2022 таваллуд шудаанд, гузаронад.
Дар фарҷом гуфта шуд, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тамоми сокинони мамлакатро даъват менамояд, ки дар давраи Рӯзҳои иммунизатсияи оммавӣ кӯдакони аз 15-моҳа то 5- солаи худро (яъне кӯдаконе, ки аз 1 декабри соли 2018 то 31 августи соли 2022 таваллуд шудаанд), ба муассисаи тиббии ҷои зисти худ бурда, онҳоро бо ваксинаи зидди сирояти пневмококкӣ фаро гиранд.
Бо сари вақт гузаронидани иммунизатсия кӯдаконро аз бемориҳои сироятӣ муҳофизат намудан мумкин аст. Бо дасткашӣ аз иммунизатсия ҳар сокини мамлакат саломатӣ ва ҳаёти кӯдаконро зери хатар мегузорад.
АКС: АМИТ «Ховар»










Дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон андозаи нафақаҳо беш аз 20 маротиба индексатсия карда шуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ: АЗ ОЗМОИШҲОИ ТАЪРИХ ТО БУНЁДИ ПОЯҲОИ ОЯНДАИ ДУРАХШОН. Андешаҳо дар ин маврид
Аз 1 сентябр маоши вазифавии кормандони соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ ва муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ зиёд карда мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар деҳаи Руҳафзои ноҳияи Темурмалик 9 иншооти таъйиноти гуногун ифтитоҳ гардид
Дар Тоҷикистон ҳавои моҳи якуми фасли тирамоҳ то 1 дараҷа гарм пешгӯӣ мешавад
Бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон маросими супоридани мукофот ва ҷоизаҳои давлатӣ ба намояндагони касбу кори гуногун баргузор шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Аз соли 2027 шаҳрвандони хориҷӣ дар Федератсияи Русия кадом талаботи навро бояд риоя намоянд?
Оид ба нақши Пешвои миллат дар таҳкими истиқлолият ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамоиш доир шуд
Муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ба соли нави таҳсил омода мебошанд
ОГОҲӢ! Аз 29 то 31 август дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани селҳои маҳаллӣ пешгӯӣ мешавад
Самаранокии идоракунии молиявӣ бо намояндагони лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон баррасӣ шуд
ИСТИҚЛОЛИЯТ, ҶАВОНӢ ВА СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе Форуми ҷумҳуриявии ҷавонон баргузор гардид






