Соҳибкорон ва истеҳсолкунандагони Эрон ба сармоягузорӣ дар соҳаҳои гуногуни иқтисоди Тоҷикистон даъват шуданд
ДУШАНБЕ, 30.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. 27 ноябр Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Низомиддин Зоҳидӣ бо соҳибкорону истеҳсолкунандагони Эрон, ки охири моҳи декабри соли равон дар Намоишгоҳи молу маҳсулоти эронӣ дар Душанбе иштирок менамоянд, мулоқот намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Зимни мулоқот Низомиддин Зоҳидӣ ба ҳозирин оид ба ҳамкории иқтисодиву тиҷоратии дуҷониба, фазои сармоягузорӣ, зарфияти истеҳсолӣ ва захираҳои бузурги табиии Тоҷикистон маълумоти муфассал пешниҳод намуда, онҳоро ба сармоягузорӣ дар соҳаҳои гуногуни иқтисоди Тоҷикистон даъват намуд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Сокинони Бадахшон Рӯзи Парчами давлатиро бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил карданд
Дар Панҷакент Рӯзи Парчами давлатӣ бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид
24 НОЯБР — РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Он яке аз рамзҳои асосию муқаддаси давлатдории миллӣ ба ҳисоб меравад
Аз 1 январи соли 2027 тартиби содагардонидаи гирифтани иҷозатнома барои фаъолияти таксӣ амалӣ мегардад
ҲАММАРОМИ «ДИРАФШИ КОВИЁН». Парчами давлатӣ танҳо рамз нест, балки нишони нангу номус, шараф ва ягонагии тамоми сокинони Тоҷикистон аст
Дар Душанбе таҳти унвони «Парчам – роҳнамои ояндаи босаодат» ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
АЗ ДИРАФШИ КОВИЁНӢ ТО ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Мулоҳизаҳо доир ба оини парчамдории тоҷикон дар масири таърих
Дар Ваҳдат Фестивали намоиш – фурӯши чорвои зотӣ баргузор гардид
Дар Душанбе ҳамоиши ҷавонони соҳаи геология баргузор гардид






