Соҳибкорон ва истеҳсолкунандагони Эрон ба сармоягузорӣ дар соҳаҳои гуногуни иқтисоди Тоҷикистон даъват шуданд

Ноябрь 30, 2023 16:45

ДУШАНБЕ, 30.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. 27 ноябр Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Низомиддин Зоҳидӣ бо соҳибкорону истеҳсолкунандагони Эрон, ки охири моҳи декабри соли равон  дар Намоишгоҳи молу маҳсулоти эронӣ дар Душанбе иштирок менамоянд, мулоқот намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Зимни мулоқот Низомиддин Зоҳидӣ ба ҳозирин оид ба ҳамкории иқтисодиву тиҷоратии дуҷониба, фазои сармоягузорӣ, зарфияти истеҳсолӣ ва захираҳои бузурги табиии Тоҷикистон маълумоти муфассал пешниҳод намуда, онҳоро ба сармоягузорӣ дар соҳаҳои гуногуни иқтисоди Тоҷикистон даъват намуд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 30, 2023 16:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон дар беш аз 27 ҳазор гектар ҷуворимакка барои дон кишт гардидааст
Имрӯз ҳаво дар водиҳои Тоҷикистон то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Фестивали хӯрокҳои милллии Покистон баргузор мегардад
Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе ба муносибати Истиқлолияти Амрико чорабинӣ баргузор шуд
Заминҳои назди бинои муассисаву идораҳои шаҳри Норак самаранок истифода мешаванд
Дар «Чиларча»-и Ҷамоати деҳоти Саразм 300 нафар хонандагон ба истироҳат фаро гирифта мешаванд
Истироҳат дар Суғд – бо алоқаи боэътимод
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои ғарқшавӣ таҳти унвони «Наҷоти сайёр» дар Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ оғоз шуд
ҲАВАСМАНДИИ ОМӮЗГОРОН. Давоми 18 сол 3394 нафар омӯзгорони ҷавон дар вилояти Хатлон соҳиби замин гардиданд
Хоруғ мизбони конфронси ҷумҳуриявӣ оид ба ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллат дар самти сулҳу ваҳдат шуд