СОЛҲОИ РУШДИ САНОАТ. Дар шаҳри Хоруғ сохтмони якчанд корхонаи истеҳсолӣ оғоз гардид

Ноябрь 20, 2023 08:31

ДУШАНБЕ, 20.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва дар доираи Солҳои рушди саноат дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сохтмони якчанд корхонаи истеҳсолӣ оғоз гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳри Хоруғ хабар медиҳад.

Аз ҷумла дар заминаи собиқ бинои Заводи нон  аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Рамеш Худоиев сохтмони корхонаи коркарди гӯшт, маҳсулоти гӯштӣ ва маҳсулоти ширӣ оғоз гардид.

Тазаккур дода шуд, корхонаи мазкур соли 2024 мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад ва зиёда аз 25 сокини маҳаллӣ бо ҷойи корӣ доимӣ таъмин карда мешавад.

Ҳамчунин дар ҳамин мавзеъ аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Насим» сохтмони корхонаи коркарди меваи хушк, банду басти он ва корхонаи мебелбарорӣ  оғоз шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки корхонаи мазкур соли 2024 мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуда, зиёда аз 35 сокини маҳаллӣ соҳиби ҷойи корӣ доимӣ мегардад.

Дар ин ҷой инчунин аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Помир Стоун» сохтмони корхонаи коркарди санг оғоз гардид.

Таъкид шуд, ки корхонаи мазкур соли 2024 мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад ва зиёда аз 25 сокини маҳаллӣ бо ҷойи корӣ доимӣ таъмин карда мешавад.

Бояд гуфт, ки дар робита ба сохтмони ин корхонаҳо дар доираи Форуми байналмилалии соҳибкориву сармоягузории  «Помир Инвест 2023» созишномаҳои ҳамкории дахлдор ба имзо расида буданд.

АКС: Рӯзномаи «Нигини Хоруғ»

Ноябрь 20, 2023 08:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид