СОЛҲОИ РУШДИ САНОАТ. Дар шаҳри Хуҷанд корхонаҳои саноатӣ бунёд ва навсозӣ мешаванд

Ноябрь 21, 2023 13:39

 ДУШАНБЕ, 21.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Хуҷанд ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Солҳои рушди саноат (2022-2026) якчанд корхонаҳои саноатӣ бунёд ва навсозӣ мешаванд. 19 ноябр Раиси вилояти Суғд бо ҷараёни кор дар ин корхонаҳо шинос гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилоят хабар медиҳад.

Зимни шиносоӣ бо васлу насби таҷҳизоти муосир дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Суғдтекстайлз»​ (собиқ корхонаи​ «Кобул-Тоҷик-Текстайлз») иттилоъ дода шуд, ки ин корхона аз нав фаъол гардидааст.​

Корхонаи азими саноатӣ бо таҷҳизоту технологияи олмонӣ муҷаҳҳаз шуда, коргоҳҳои ресандагиву бофандагӣ, дӯзандагӣ, рангу бори матоъ таъсис дода мешаванд ва 3500 нафар соҳиби ҷойи кор мегарданд. Муассисон тасмим гирифтаанд, ки дар он коркарди пурраи пахта то маҳсулоти ниҳоӣ амалӣ гардад.​

Роҳбари вилоят ҳамчунин бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар коргоҳи равғанбарории Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сирдарё», коргоҳи коркарди меваву сабзавоти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Доро инвест» ва Ҷамъияти дорои масъулияти  маҳдуди «Таҷпроф» шинос шуд.

Бунёду замонависозии корхонаҳо дар вилоят бо мақсади расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии босуръат амалӣ мешавад.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Ноябрь 21, 2023 13:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд