РУШДИ МАОРИФ ВА ИЛМ. Соли 2024 аз ҳисоби буҷети давлатӣ ба ин соҳаҳо беш аз 8,2 миллиард сомонӣ ҷудо мегардад
ДУШАНБЕ, 23.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2024 аз ҳисоби буҷети давлатӣ ба соҳаи маориф ва илм дар ҳудуди 8 млрд. 231,9 млн. сомонӣ ҷудо мегардад, ки нисбат ба соли гузашта 1 млрд. 21,5 миллион сомонӣ ё 14,2 фоиз зиёд буда, қариб 18,7 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти буҷет ва 5,7 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкил медиҳад. Дар ин хусус зимни баррасии Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024 ва дурнамои нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ барои солҳои 2025-2026» дар ҷаласаи навбатии Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум, ки 15 ноябри соли 2023 баргузор гардид, иттилоъ дода шуд.
Вакили Маҷлиси намояндагон Насиба Содиқӣ зимни баррасии масъалаи мазкур иброз дошт, ки «Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд, ки бунёди миллати мутамаддин аз маориф оғоз меёбад. Бинобар ин, ғамхорӣ кардан ба илму маориф, яъне ҳалли масъалаҳои дар ин самт ҷойдошта, сармоягузорӣ ба хотири рушди неруи инсонӣ мебошад. Маҳз, ба ҳамин хотир, дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумат рушди бонизоми соҳаи маориф, мақому манзалати омӯзгор ва фароҳам овардани шароити мусоиду беҳтарро барои наврасону ҷавонон яке аз самтҳои афзалиятнок дониста, барои рушди ин соҳаи муҳими низоми иҷтимоӣ ҳамаи чораҳои заруриро роҳандозӣ намудааст».
Насиба Содиқӣ илова намуд, ки давлату Ҳукумати Тоҷикистон ҳанӯз аз оғози соҳибистиқлолӣ пешрафти бомароми яке аз соҳаҳои муҳими ҳаёти ҷомеа – илму маорифро аз самтҳои асосӣ ва афзалиятноки сиёсати худ қарор додааст. Он тадбирҳое, ки вобаста ба маориф ва илм, фарҳанг ва санъат, ҷавонон ва варзиш, рушди сайёҳӣ дар лоиҳаи қонуни буҷет барои соли оянда пешбинӣ шудаанд, яъне тадриҷан сарфи маблағ барои ин соҳаҳо, минбаъд барои эҳё намудани мақоми давлати тоҷикон ҳамчун маркази илму маориф ва фарҳанги ҷаҳонӣ яке аз сарчашмаҳои заминасоз мегардад.
«Ин имкон медиҳад, ки муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ ва таҳсилоти олӣ бо роҳи анҷом додани кашфиёту ихтироот, ҷорӣ намудани усулҳои инноватсионии пешбурди таҳқиқоти илмӣ ва техникаю технологияҳои муосир дар рушди минбаъдаи иқтисоди миллиамон саҳм гузоранд»,- афзуд вакили мардумӣ.
Ёдовар мешавем, ки дар замони соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон шумораи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва хонандагони онҳо беш аз ду баробар, таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ 1,6 баробар ва донишҷӯёни ин зинаҳои таҳсилот сеюним баробар, мактабҳои олӣ чор баробар ва донишҷӯён зиёда аз се баробар афзудааст. Дар ин давра дар қаламрави мамлакат аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ зиёда аз 3700 бинои муассисаи таълимӣ барои беш аз якуним миллион хонанда сохта, ба истифода дода шуд ва корҳо дар ин самт босуръат идома доранд.
Тибқи маълумоти расмӣ, агар дар соли таҳсили 1991-1992 шумораи хонандагон дар мамлакат 1 миллиону 325 ҳазор нафарро ташкил медод, ин рақам дар соли таҳсили 2022 — 2023 ба 2 миллиону 232 ҳазор нафар расидааст, ки нисбат ба оғози даврони соҳибистиқлолӣ қариб 1 миллион нафар зиёд мебошад.
Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Доир ба рушди забони давлатӣ дар 35 соли Истиқлоли давлатӣ ҳамоиши илмӣ баргузор гардид
МАВЛОНО-ОФТОБИ МАЪРИФАТИ БАШАРӢ. Таҳти ин унвон ҳамоиши илмӣ – адабӣ доир шуд
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори сол — Тоҷикистон-2026» оғоз гардид
Натиҷаҳои озмуни тақсимоти давраи сеюми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ муайян мегарданд
Даври ҷумҳуриявии озмуни «Мураббии сол — Тоҷикистон-2026» оғоз гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Муассисаи таълимии №6-и шаҳри Хоруғ ба номи шодравон Алишери Мирзонабот гузошта шавад»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-ро мавриди истифода қарор доданд
Солҳои охир теъдоди муассисаҳои таълимӣ дар Бадахшон ба таври бесобиқа афзоиш ёфтааст
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар шаҳру ноҳияҳои Суғд 986 муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Байни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон ва Донишгоҳи технологии Ланҷоу Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
157 довталаб аз шаҳри Душанбе ба даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» роҳхат гирифтанд
ТАШАББУСИ ТОҶИКИСТОН ДАР РУШДИ ЗЕҲНИ СУНЪИИ БЕХАТАР ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Мулоҳизаҳо дар ин маврид






