Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти матбуотӣ аз рӯи натиҷаҳои сафари расмӣ ба Федератсияи Русия

Ноябрь 21, 2023 20:00
21.11.2023, Русия

Муҳтарам намояндагони воситаҳои ахбори омма,

Дӯстони азиз,

Пеш аз ҳама, мехоҳам ба Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Владимирович Путин барои даъват ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ ба Федератсияи Русия самимона изҳори сипос намоям.

Мо ин сафарро ҳамчун қадами муҳим дар роҳи тавсеаи минбаъдаи шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии давлатҳоямон мешуморем.

Мояи хушнудӣ аст, ки ҳамкории Тоҷикистон ва Русия имрӯз дар тамоми соҳаҳои манфиатҳои тарафайн дорои ҷараёни устувор мебошад.

Тавре муҳтарам Владимир Владимирович зикр намуданд, мо ҳам дар доираи мулоқоти хосса ва ҳам дар ҷаласа бо иштироки ҳайатҳо музокироти муфассал анҷом додем.

Аз ҷониби худ мехоҳам таъкид намоям, ки музокирот чун анъана дар фазои созанда ва эътимод баргузор гардид.

Масъалаҳои муҳими ҳамкории дуҷониба ва мушкилоти кунунии минтақавӣ ва байналмилалиро, ки мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мебошанд, баррасӣ намудем.

Дар соли 30-солагии имзои Шартномаи дӯстӣ, ҳамкорӣ ва ёрии байниҳамдигарӣ ба сатҳи расидаи ҳамёрии давлатҳоямон баҳои баланд додем.

Аз тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи иқтисодию тиҷоратӣ изҳори ҷонибдорӣ намудем.

Доир ба саъю кӯшишҳои муштаракамон ҷиҳати афзоиш додани нишондиҳандаҳои ин соҳа дар солҳои наздик ба тавофуқ расидем.

Масъалаҳои густариши ҳамкории сармоягузорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар ин росто мо ба тавофуқ расидем, ки дар бахшҳои мухталифи иқтисод лоиҳаҳои бузурги сармоягузориро амалӣ созем.

Барои ин ҳадафҳо дар Тоҷикистон фазои мусоиди сармоягузорӣ фароҳам оварда шуда, якчанд минтақаҳои озоди иқтисодӣ фаъолият доранд.

Ҳамкории байнидавлатӣ бо Русия дар соҳаи иттилооти молиявӣ ба сатҳи сифатан нав баромад.

Ҳисоббаробаркуниҳои мутақобилаи мо бо пули миллӣ то 82 дарсад афзоиш ёфт.

Дар музокирот масъалаҳои ҳамкории энергетикӣ, инчунин ҳамкории саноатӣ бо таваҷҷуҳ ба саноати металлургӣ, кӯҳӣ, нассоҷӣ, хӯрокворӣ ва дорусозӣ мавқеи муҳимро ишғол намуданд.

Бо назардошти захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ давлати мо энергетикаи «сабз»-ро фаъолона рушд медиҳад.

Тоҷикистон дорои 13 ҳазор пирях мебошад, ки 60 дарсади захираҳои обии Осиёи Марказиро ташаккул медиҳанд.

Мамлакати мо дар ҷаҳон аз ҷиҳати захираҳои умумии манбаъҳои гидроэнергетикӣ дар ҷойи ҳаштум ва аз ҷиҳати ҳиссаи хоси он ба сари ҳар як нафар аҳолӣ дар ҷойи дуюм қарор дорад.

Имрӯз Тоҷикистон 98 дарсади неруи барқи худро дар неругоҳҳои барқи обӣ, яъне аз манбаъҳои барқароршавандаи энергияи “сабз” истеҳсол намуда, аз рӯи ин нишондиҳанда дар ҷаҳон ҷойи шашумро ишғол менамояд.

Мо азм дорем, ки иқтидори истеҳсоли энергияи тозаро ҳамчун заминаи калидии пешбурди иқтисоди “сабз” дучанд намоем.

Тоҷикистон ҳамчунин имкон дорад, ки дар қаламрави худ бо истифода аз энергияи “сабз” бо таъсири ҳадди ақал ба муҳити зист корхонаҳои истеҳсоли энергияталабро ҷойгир намояд.

Дар ин самт барои рушди ҳамкории созанда ва мутақобилан судманд бо Русия изҳори омодагӣ менамоем.

Дар қаъри замини Тоҷикистон 800 кон ва зуҳуроти канданиҳои фоиданок кашф шудаанд.

Онҳо, аз ҷумла, дорои захираҳои ҳаётан муҳими маъданию хом, ки имрӯз талаботи зиёд доранд, мебошанд.

Мо аз доираҳои тиҷоратии Русия даъват ба амал меорем, ки дар коркарди ин захираҳо ҳамкорӣ намоянд.

Мо дурнамои ҳамкориро дар коркарди конҳои нафту гази Тоҷикистон муфассал баррасӣ намудем.

Ҳамкории мутақобила оид ба масъалаҳои барқарорсозии муштараки ҳудуди Тоҷикистон, ки дар гузашта истихроҷи уран дар онҷо ҷойгир буд, мусбат арзёбӣ шуд.

Шарики асосии ҷониби Тоҷикистон ширкати «Росатом» мебошад.

Мо ба мувофиқа расидем, ки соҳаи кишоварзӣ самти дурнамодори ҳамкорӣ мебошад.

Омодагии худро барои густариши содироти маҳсулоти кишоварзии аз ҷиҳати экологӣ тозаи Тоҷикистон ба Русия таъкид намудем.

Мо ҳамчунин ба таҳкими робитаҳо дар соҳаи сайёҳӣ ишора намудем.

Тамоюли таваҷҷуҳи сайёҳони русро ба Тоҷикистон ва мутаносибан афзоиши шумораи онҳоро таъкид намудем.

Зимни музокирот мо натиҷаҳои баланди ҳамкории гуманитариро, ки дар ҳолати болоравӣ қарор доранд, бо қаноатмандӣ зикр намудем.

Соли гузашта моҳи октябр Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Русия бомуваффақият доир гардида, тобистони имсол дар шаҳрҳои Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Русия баргузор шуданд.

Мо масъалаи зудтар шуруъ намудан ба сохтмони бинои Театри академии драмавии русии ба номи Маяковскийро дар шаҳри Душанбе муҳокима намудем.

Ҳамкории судманд дар соҳаҳои маориф ва тандурустӣ мусбат арзёбӣ гардид.

Мо фаъолияти муваффақонаи панҷ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумиро, ки аз ҷониби Русия соли гузашта дар шаҳрҳои Тоҷикистон сохта, расман ба истифода дода шудаанд, таъкид намудем.

Мо оғози татбиқи амалии лоиҳаи бунёди Маркази таълимӣ барои кӯдакони болаёқат дар Тоҷикистонро, ки дар якҷоягӣ бо муҳтарам Владимир Владимирович ба нақша гирифта будем, бо хушнудӣ зикр намудем.

Дар музокирот ба омӯзиши забони русӣ, ки дар Тоҷикистон ба он тибқи Конститутсия мақоми забони муоширати байни миллатҳо дода шудааст, таваҷҷуҳи хосса зоҳир  шуд.

Бояд зикр намуд, ки омӯзиши забони русӣ дар Тоҷикистон дар тамоми зинаҳои низоми маориф шуруъ аз кӯдакистон дар беш аз чаҳор ҳазор муассисаи таълимӣ ба таври ҳатмӣ амалӣ мешавад.

Бо дарназардошти нарасидани китобҳои дарсӣ ва воситаҳои таълимӣ бо забони русӣ, инчунин нарасоии омӯзгороне, ки ба забони русӣ таълим медиҳанд, мо ба идомаи кори муштарак дар ин самт изҳори ҳавасмандӣ намудем.

Мо ба густариши таҷрибаи фиристодани омӯзгорони рус ба Тоҷикистон дар чаҳорчӯби лоиҳаи «Муаллими рус дар хориҷа», ки дар доираи он ҳоло дар давлати мо 72 омӯзгор фаъолият дорад, ҷонибдорӣ баён намудем.

Ҳамаи ин масъалаҳои дорои хусусияти иқтисодӣ ва гуманитарӣ дар ҷаласаи қарибулвуқуи Комиссияи байниҳукуматӣ дар Москва ба таври муфассал баррасӣ хоҳанд шуд.

Мо ба рушд ва таҳкими робитаҳои байниминтақавӣ ахамияти бузург медиҳем.

Зиёда аз 80 субъекти федералӣ ва хоҷагидории Русия имрӯз бо Тоҷикистон ҳамкорӣ менамоянд.

Итминон дорем, ки густариши минбаъдаи ҷуғрофияи робитаҳои байниминтақавӣ ба рушди муносибатхои иқтисодию тиҷоратӣ ва дигар муносибатҳои байни давлатҳоямон мусоидат менамояд.

Мутмаинем, ки он ба таҳкими дӯстӣ ва ҳусни тафоҳуми байни халқҳоямон низ мусоидат менамояд.

Ҳамкории байнипарлумонӣ ҳамчунин дорои ҷараёни мусбат мебошад.

Байни мақомоти қонунгузории мамлакатҳоямон тақвияти робитаҳо ба мушоҳида мерасад.

Аҳамияти ҳамкории давлатҳоямонро дар соҳаи амният зикр менамоям.

Мехоҳам ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хадамоти махсуси Федератсияи Русия барои кори ҳамоҳангшуда ва ҳамоҳангсозии ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдори Тоҷикистон изҳори сипос намоям.

Давлатҳои мо дар мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, зуҳуроти радикализм, қочоқи маводи мухаддир, киберҷинояткорӣ ва дигар намудҳои ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ ҳамкории зич доранд.

Зимни музокирот мо ба густариши ҳамкорӣ дар доираи Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ва дигар ташкилоти байналмилалию минтақавӣ изҳори ҷонибдорӣ намудем.

Мо ҳамчунин доир ба масъалаҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули афкор намудем.

Дар заминаи авзоъ дар Фаластин Тоҷикистон иҷрои қатъномаҳои СММ дар бораи ин қазияро ягона роҳи ҳалли имконпазир медонад.

Муҳимияти таъсиси давлати мустақили Фаластинро дар асоси сарҳадҳои 1967 бояд махсус таъкид намуд.

Давлати мо, ки тамоми даҳшатҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро гузаронидааст, ба ҳалли ҳама гуна мушкилоту низоъҳо танҳо бо роҳҳои сиёсӣ ва дипломатӣ пайваста даъват менамояд.

Мехоҳам таъкид намоям, ки мо аз натиҷаҳои муколамаи имрӯза қаноатманд мебошем.

Зимни музокирот Тоҷикистон ва Русия азми худро барои истифодаи иқтидори мавҷуда барои ба сатҳи сифатан баландтар баровардани муносибатҳо тасдиқ намуданд.

Бори дигар ба муҳтарам Владимир Владимирович ва ҳамаи дӯстон аз Русия барои меҳмоннавозӣ ва пазироии самимонаашон изҳори сипоси самимона менамоям.

Ман аз муҳтарам Владимир Владимирович даъват ба амал овардам, ки дар вақти барояшон мусоид бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф оваранд.

Ташаккури зиёд.
Нишасти матбуотӣ аз рӯи натиҷаҳои сафари расмӣ ба Федератсияи Русия 21.11.2023

Ноябрь 21, 2023 20:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Модӣ барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Пешниҳоди Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар»
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ
Оғози пешниҳоди Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон”
Омодагӣ ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти ғайрирасмии сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия сафар намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар Анҷумани 15-уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иштирок намуданд