ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 ноябр, шанбе, 315-умин рӯзи соли 2023 аст
11 ноябри соли 2009 дар шаҳри Душанбе байни вазоратҳои мудофиаи Тоҷикистон ва Озарбойҷон нақшаи ҳамкории ҳарбӣ барои соли 2010 ба имзо расид.
***
11 ноябри соли 2010 дар Ашқобод Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Туркманистон баргузор гардид.
***
Дар ин рӯзи соли 2014 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шурои роҳбарони воҳидҳои молиявию иктишофии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд.
***
11 ноябри соли 2016 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Намоиши байналмилалии «Рассомон барои сулҳ» таҳти унвони «Дурдонаҳои Роҳи абрешим» иштирок ва суханронӣ намуданд.
***
11 ноябри соли 2016 дар Минск ансамбли рақсии «Зебо» дар маросими ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Беларус, ки 4 рӯз идома ёфт, ҳунарнамоӣ намуд.
***
11 ноябри соли 2016 дар Австрия форуми «Имконоти иқтисодиву сармоягузории Тоҷикистон» доир шуд.
***
Дар ин рӯзи соли 2018 масоили рушди ҳамкории бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Ветнам муҳокима гардид.
***
Соли 2018 дар Вена ҷаласаи шашуми муштараки комиссияи Тоҷикистон ва Австрия оид ба ҳамкории дуҷонибаи иқтисодӣ доир гардид.
***
10 ноябри соли 2021 дар доираи иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар COP26 – Конфронси 26-уми ҷонибҳои Конвенсияи чорчӯбаи СММ оид ба тағйирёбии иқлим дар шаҳри Глазгои Британияи Кабир Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода аз номи ҳайати Тоҷикистон баромад намуд.
***
10 ноябри соли 2022 дар Ашқобод ҷаласаи 11-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркманистон дар соҳаи тиҷорату иқтисод ва илму техника баргузор шуд
11 НОЯБР ТАҶЛИЛ МЕГАРДАД:
Дар Канада – Рӯзи ёдбуд.
***
Дар Ангола – Рӯзи истиқлолият.
***
Дар Полша – Рӯзи истиқлолият.
***
Дар ИМА – Рӯзи собиқадорон.