ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 ноябр, чоршанбе, 319-умин рӯзи соли 2023 аст
Дар ин рӯзи соли 1972 агрегати якуми Неругоҳи барқи обии «Норак» мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
***
15 ноябри соли 1946 матн ва оҳанги Суруди миллии қаблии Тоҷикистон (шеъри Абулқосим Лоҳутӣ ва оҳанги Сулаймон Юдаков) тасдиқ гардид.
***
15 ноябри соли 2005 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар Саммити ҷаҳонӣ оид ба ҷомеаи иттилоотӣ ба Ҷумҳурии Тунис сафар намуданд.
***
15 ноябри соли 2015 АМИТ «Ховар» хабар дод, ки варзишгари тоҷик Акмалиддин Каримов дар Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо дар Марокаш медали нуқра ба даст овард.
***
Соли 2018 дар Душанбе нахустин машваратҳои сиёсӣ байни Тоҷикистону Италия доир гардиданд.
***
15 ноябри соли 2019 хонандагони навраси вилояти Суғд дар озмуни ҷаҳонии «Робототехника» иштирок намуда, дар бахши «Стратегия» ба гирифтани мақоми дуюм сазовор гардиданд.
***
15 ноябри соли 2021 Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Директори генералии Бонки Осиёии рушд оид ба Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ғарбӣ Евгений Жуков мулоқот намуд. Дар доираи мулоқот муҳимтарин масъалаҳо мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуда, таъкид гардид, ки давоми 23 сол ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки Осиёии рушд заминаи воқеӣ пайдо намуда, ҳамасола татбиқи муҳимтарин лоиҳаҳо дар соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт бештар мегардад.
***
15 ноябри соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷмҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон Коргоҳи дӯзандагии «Маҳина»-ро мавриди истифода қарор доданд.
15 НОЯБР ТАҶЛИЛ МЕГАРДАД:
Рӯзи умумирусиягии даъватшавандагон.
***
Дар Бразилия- Рӯзи истиқлолият.
***
Дар Қазоқистон — Рӯзи асъори миллӣ.
***
Дар Фаластин – Рӯзи истиқлолият.
ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:
Холаҳмад Маҷидов-соли 1948– сархормейcтери Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ.. Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (1997).