ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 4 ноябр, шанбе, 308-умин рӯзи соли 2023 аст

Ноябрь 4, 2023 08:00

4 ноябри соли 2009 Барномаи ҳамкорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Полша дар соҳаҳои фарҳанг, илм, таҳсилоти олӣ ва маданӣ ба имзо расид.

***

4 ноябри соли 2010 дар шаҳри Душанбе Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар конфронси илмию амалии байналмилалии «Мақомоти назорати конститутсионӣ дар шароити ҳамгироии системаҳои ҳуқуқӣ: таҷрибаи байналмилалӣ ва амалияи Тоҷикистон» суханронӣ намуданд.

***

4 ноябри соли 2014 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни корҳои ободонию созандагӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуда, чанд бинои нави истиқоматӣ ва иншооти дигарро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

***

4 ноябри соли 2016 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ намоиши операи «Комде ва Мадан» баргузор гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2017 «Сомон Эйр» дар самти Душанбе-Сеул-Душанбе бори нахуст парвоз анҷом дод.

***

Соли 2017 Чемпиони  Тоҷикистон -дастаи «Истиқлол»-и Душанбе дар бозии финалии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2017 бо дастаи «Эйр Форс»-и Ироқ  бозӣ анҷом дода, бо соҳиб шудан ба ҷои дуюм  500 ҳазор доллари амрикоӣ ба даст овард.

***

4 ноябри соли 2019  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронияшон дар маҷлиси тантанавӣ ба ифтихори 25-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки  дар маҷмааи давлатии «Кохи Борбад»-и пойтахт  баргузор гардид, баён доштанд, ки «бо қабули Конститутсия дар инкишофи давлатдории Тоҷикистон марҳалаи нави таърихӣ оғоз гардид ва он моро ба дигаргуниҳои азими сиёсиву ҳуқуқӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва созандагиву бунёдкорӣ роҳнамоӣ намуд».

***

3-4 ноябри соли 2022 Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода дар Форуми дуюми иқтисодии Узбекистон, ки дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон баргузор шуд, иштирок намуд

4 НОЯБР ТАҶЛИЛ МЕГАРДАД:

Дар Арманистон – Рӯзи кормандони иҷтимоӣ.

Ноябрь 4, 2023 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 декабр, чоршанбе, 346-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 декабр, сешанбе, 345-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 декабр, душанбе, 344-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 8 декабр, якшанбе, 343-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 декабр, шанбе, 342-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 6 декабр, ҷумъа, 341-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 5 декабр, панҷшанбе, 340-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 4 декабр, чоршанбе, 339-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 3 декабр, сешанбе, 338-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 2 декабр, душанбе, 337-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 1 декабр, якшанбе, 336-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 30 ноябр, шанбе, 335-умин рӯзи соли 2024 аст