ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 5 ноябр, якшанбе, 309-умин рӯзи соли 2023 аст

Ноябрь 5, 2023 08:00

5 ноябри соли 1964  дар шаҳри Душанбе муҷассамаи асосгузори адабиёти классикии тоҷику форс Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ гузошта шуд.

***

5 ноябри соли 2008 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маросими ботантанаи ба истифода додани НБО «Сангтӯда -1» баргузор гардид.

***

5 ноябри соли 2008 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пахши шабакаи нави телевизионии «Ҷаҳоннамо» ва шабакаи радиои «Фарҳанг» оғоз гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2010 дар Кохи Борбади пойтахт бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қисмати ниҳоии Фестивали ҷумҳуриявии «Чакомаи гесӯ» доир шуд.

 ***

5 ноябри соли 2010 дар шаҳри Гулистон (Қайроққум) — и вилояти Суғд  Маркази фарҳангии «Кохи Истиқлол» ифтитоҳ гардид.

***

5 ноябри соли 2016 дар шаҳри Ҳисор «Комбинати металлургии тоҷик» ба истифода дода шуд.

***

5 ноябри соли 2016 дар шаҳри Душанбе форуми «G5 Startup Forum» баргузор гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2018 дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон бинои нави Коллеҷи тиббӣ  мавриди истифода қарор дода шуд.

*** 

5 ноябри соли 2019 сафари расмии  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Конфедератсияи Швейтсария оғоз гардид.

***

5 ноябри соли 2021 Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва Вазорати корҳои дохилӣ тағйироти кадрӣ ба амал оварданд.

 

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:

Аҳрор Мухторов –соли 1924- олим, академики Академияи илмҳои Тоҷикистон (1991), доктори илми таърих (1971), профессор (1982), дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино (2007).

Ноябрь 5, 2023 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 феврал, душанбе, 47-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 феврал, якшанбе, 46-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 феврал, шанбе, 45-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 феврал, ҷумъа, 44-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз, 12 феврал, панҷшанбе, 43-юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 феврал, чоршанбе, 42-юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 феврал, сешанбе, 41-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 феврал, душанбе, 40-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 8 феврал, якшанбе, 39-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 феврал, шанбе, 38-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 6 феврал, ҷумъа, 37-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 5 феврал, панҷшанбе, 36-умин рӯзи соли 2026 аст