ТАДБИРҲОИ ВУСЪАТ ДОДАНИ ҲИСОББАРОБАРКУНИҲОИ ҒАЙРИНАҚДӢ. Ба андозаи 319 миллион сомонӣ маблағи андозҳо ба таври ғайринақдӣ пардохт шудааст
ДУШАНБЕ, 19.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи иттилои Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, то 1 октябри соли равон дар филиалу шуъбаҳои Бонки амонатгузории «Амонатбонк» зиёда аз 1060 ПОС – терминалҳои электронӣ насб гардида, аз 1 март то 1 октябри соли 2023 тавассути ПОС – терминалҳо ва ҳамёнҳои электронӣ аз ҷониби шахсони воқеӣ ва соҳибкорони инфиродӣ дар маҷмуъ 1273,6 ҳазор амалиёт ба маблағи зиёда аз 449 миллион сомонӣ гузаронида шудааст. Аз ҷумла, аз 1 август то 1 октябр 844,3 ҳазор амалиёти пардохти ғайринақдии андозҳо ва боҷҳо ба маблағи 319 миллион сомонӣ гузаронида шудааст.
Бо мақсади таъмини иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ» Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон то инҷониб бо 19 ташкилоти қарзии молиявӣ созишнома «Оиди ба таври ғайринақдӣ қабул намудани андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ» ба имзо расонида, тавассути замимаҳои мобилии ташкилоти қарзии молиявӣ ба таври ғайринақдӣ қабул намудани андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет амалӣ мешавад.
Тавассути хизматрасонии эквайрингӣ, ки аз 1 майи соли 2018 мавриди амал қарор дорад, шахсони воқеӣ бо истифодаи кортҳои бонкӣ андоз аз объектҳои ғайриманқул, андоз аз воситаҳои нақлиёт, андози замин, боҷи давлатӣ ва соҳибкорони инфиродӣ андози низоми содакардашуда, андози иҷтимоӣ ва андоз аз даромадро (патент) ба буҷет пардохт менамоянд.
Замимаи мобилии «Амонат – мобайл»-и Бонки амонатгузории «Амонатбонк» аз моҳи августи соли 2022 мавриди истифода қарор дошта, шахсони воқеӣ имкон доранд, ки андоз аз даромад, андози замин, андоз аз объектҳои ғайриманқул, андоз аз даромади шахсони воқеӣ (барои иҷора), соҳибкорони инфиродӣ андоз аз даромад, андози иҷтимоӣ ва андози низоми содакардашударо бо ин тартиб ба буҷет пардохт намуда, расиди электронӣ дастрас намоянд.
Бо мақсади ба шаҳрвандон ва андозсупорандагон фаҳмонидани моҳияти Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ» ва бартараф намудани масъалаҳои ҳалталаб оид ба пардохти ғайринақдии андозҳо ва боҷҳо гурӯҳҳои корӣ ба марказҳои савдо ва бозорҳои шаҳри Душанбе ҷалб шудаанд. Инчунин дар Кумитаи андоз бо иштироки намояндагони ташкилоти қарзии молиявӣ, алалхусус кормандони техникӣ ва барномасозон пайваста ҷаласаҳои корӣ доир шуда, дар онҳо ҷараёни аз ҷониби шаҳрвандон ва андозсупорандагон истифода гардидани воситаҳои электронии пардохт, аз ҷумла ҳамёни электронӣ мавриди баррасӣ қарор дода шудааст.
Бо мақсади то ба ҳадди имкон сода намудани дастрасии шаҳрвандону андозсупорандагон ба низоми пардохти ғайринақдӣ, дар сомонаи Кумитаи андоз ва мессенҷери «Telegram» дар саҳифаи алоҳидаи «Шарҳу тавзеҳи Кодекси андоз дар таҳрири нав» видео-роликҳои омӯзишӣ ва барномаҳои телевизионӣр ҷойгир шуда, зиёда аз 300 ҳазор буклетҳо ва брошюраҳо дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, дар марказҳои савдо, бозорҳо ва дигар ҷойҳо тақсим мешаванд.
АКС аз манбаъҳои боз








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои тандурустии вилояти Суғд ба мавсими сармо омода мебошанд
Дар доираи TAJ-TECH 2026 дар Душанбе Форуми стартапҳои давлатҳои аъзои СҲШ доир шуд
Боғпарварони ноҳияи Лахш имсол ҳосили фаровони мева мерӯёнанд
Энергетикҳои тоҷик дар Латвия оид ба рақамикунонии соҳаи энергетика табодули таҷриба намуданд
«Шоҳин Эйрлайнз» нахустин ҳавопаймои худ — L-410 NG-ро муаррифӣ намуд
Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистону Русия дар ҳашт моҳ ба 1 миллиарду 676,5 миллион доллар расид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1600 то 9.2331 сомонӣ муқаррар шудааст
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкорӣ дар самти сармоягузориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия баргузор гардид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ шуд
Ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа ҷамъбаст гардиданд
Хуршед Мирзо: «Иқдоми муҳими Тоҷикистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ бунёди IT HUB DUSHANBE аст»






