ТАДБИРҲОИ ВУСЪАТ ДОДАНИ ҲИСОББАРОБАРКУНИҲОИ ҒАЙРИНАҚДӢ. Ба андозаи 319 миллион сомонӣ маблағи андозҳо ба таври ғайринақдӣ пардохт шудааст

Ноябрь 19, 2023 08:58

ДУШАНБЕ, 19.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи иттилои Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, то 1 октябри соли равон дар филиалу шуъбаҳои Бонки амонатгузории «Амонатбонк» зиёда аз 1060 ПОС – терминалҳои электронӣ насб гардида, аз 1 март то 1 октябри соли 2023 тавассути ПОС – терминалҳо ва ҳамёнҳои электронӣ аз ҷониби шахсони воқеӣ ва соҳибкорони инфиродӣ дар маҷмуъ 1273,6 ҳазор амалиёт ба маблағи зиёда аз 449 миллион сомонӣ гузаронида шудааст. Аз ҷумла, аз 1 август то 1 октябр 844,3 ҳазор амалиёти пардохти ғайринақдии андозҳо ва боҷҳо ба маблағи 319 миллион сомонӣ гузаронида шудааст.

Бо мақсади таъмини иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ» Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон то инҷониб бо 19 ташкилоти қарзии молиявӣ созишнома «Оиди ба таври ғайринақдӣ қабул намудани андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ» ба имзо расонида, тавассути замимаҳои мобилии ташкилоти қарзии молиявӣ ба таври ғайринақдӣ қабул намудани андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет амалӣ мешавад.

Тавассути хизматрасонии эквайрингӣ, ки аз 1 майи соли 2018 мавриди амал қарор дорад, шахсони воқеӣ бо истифодаи кортҳои бонкӣ андоз аз объектҳои ғайриманқул, андоз аз воситаҳои нақлиёт, андози замин, боҷи давлатӣ ва соҳибкорони инфиродӣ андози низоми содакардашуда, андози иҷтимоӣ ва андоз аз даромадро (патент) ба буҷет пардохт менамоянд.

Замимаи мобилии «Амонат – мобайл»-и Бонки амонатгузории «Амонатбонк» аз моҳи августи соли 2022 мавриди истифода қарор дошта, шахсони воқеӣ имкон доранд, ки андоз аз даромад, андози замин, андоз аз объектҳои ғайриманқул, андоз аз даромади шахсони воқеӣ (барои иҷора), соҳибкорони инфиродӣ андоз аз даромад, андози иҷтимоӣ ва андози низоми содакардашударо бо ин тартиб ба буҷет пардохт намуда, расиди электронӣ дастрас намоянд.

Бо мақсади ба шаҳрвандон ва андозсупорандагон фаҳмонидани моҳияти Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ» ва бартараф намудани масъалаҳои ҳалталаб оид ба пардохти ғайринақдии андозҳо ва боҷҳо гурӯҳҳои корӣ ба марказҳои савдо ва бозорҳои шаҳри Душанбе ҷалб шудаанд.  Инчунин дар Кумитаи андоз бо иштироки намояндагони ташкилоти қарзии молиявӣ, алалхусус кормандони техникӣ ва барномасозон пайваста ҷаласаҳои корӣ доир  шуда, дар онҳо ҷараёни аз ҷониби шаҳрвандон ва андозсупорандагон истифода гардидани воситаҳои электронии пардохт, аз ҷумла ҳамёни электронӣ мавриди баррасӣ қарор дода шудааст.

Бо мақсади то ба ҳадди имкон сода намудани дастрасии шаҳрвандону андозсупорандагон ба низоми пардохти ғайринақдӣ, дар сомонаи Кумитаи андоз ва мессенҷери «Telegram» дар саҳифаи алоҳидаи «Шарҳу тавзеҳи Кодекси андоз дар таҳрири нав» видео-роликҳои омӯзишӣ ва барномаҳои телевизионӣр ҷойгир шуда, зиёда аз 300 ҳазор буклетҳо ва брошюраҳо дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, дар марказҳои савдо, бозорҳо ва дигар ҷойҳо тақсим мешаванд.

АКС аз манбаъҳои боз

Ноябрь 19, 2023 08:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ ва Бонки рушди Авруосиё санади ҳамкорӣ ба имзо расониданд
«РАҚАМИКУНОНИИ МИНТАҚАҲОИ ОЗОДИ ИҚТИСОДӢ». Дар форуми байналмилалӣ 12 санади ҳамкорӣ имзо шуд
Дар Тоҷикистон нахустин коргоҳи истеҳсоли ранги хокавӣ барои хатҳои уфуқии роҳҳои мошингард ба истифода дода шуд
Дар шаш моҳи соли 2026 ҳаҷми гардиши савдо байни Тоҷикистон ва Озарбойҷон ба 10,2 миллион доллар расид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1800 то 9.2492 сомонӣ муқррар шудааст
Тоҷикистон 85 фоизи аҳолиро бо маҳсулоти ғизоии ватанӣ таъмин мекунад
Аъзои ҳайати Фландрияи Подшоҳии Белгия бо фаъолияти «Шаҳри ҳушманд» шинос гардиданд
Тоҷикистон ва ЮНИСЕФ ҳамкориро дар самти рушди сармояи инсонӣ ва рақамикунонӣ густариш медиҳанд
Агентии «Тоҷикстандарт» дар шаҳри Душанбе 110 кг маҳсулоти гуногуни ҳасибии пастсифат ва ғайристандартиро ошкор намуд
Тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист байни Тоҷикистон ва Муғулистон баррасӣ гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.5000 то 10.7886 сомонӣ муқррар шудааст
Пиряхҳоро аз обшавӣ бояд ҳифз намуд, — бардошт аз конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ дар Душанбе