«Тоҷиксемент» — корхонаи нави истеҳсоли семент дар Душанбе ба ҳавои атмосфера чанг ё дигар дуди ғализ хориҷ наменамояд
ДУШАНБЕ, 08.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. То охири соли равон фаъолияти Корхонаи сементбарории «Душанбе», ки солҳои дароз (аз соли 1942) кор кардаву фарсуда шуда, ба муҳити зисти пойтахт ва экология таъсир мерасонад, манъ карда мешавад. Дар ин хусус зимни ба истифода додани Корхонаи истеҳсоли сементи Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Тоҷиксемент», ки 7 ноябри соли равон бо иштироки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ баргузор гардид, иттилоъ дода шуд.
Хотиррасон мешавем, ки корхонаи нави сементбарорӣ аз лиҳози экологӣ безарар буда, ба ҳавои атмосфера чанг ё дигар дуди ғализ хориҷ наменамояд ва дорои зиёда аз 50 ҳавотозакунак ё филтр буда, онҳо чанги сементро нигоҳ медоранд, ки дар коркарди дубораи маҳсулот истифода мешавад.
Корхонаи мазкур дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе дар майдони 35 гектар ҷойгир буда, иқтидори истеҳсолии он дар як шабонарӯз 3 ҳазору 300 ва дар як сол 1,2 млн тоннаро ташкил медиҳад. Маҳсулоти истеҳсолнамудаи корхона ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ буда, сементи маркаҳои сулфат, 500 ва 400 истеҳсол мешаванд.
Дар корхонаи мазкур истеҳсоли сементи сулфат ба роҳ монда шудааст, ки барои ҷумҳурӣ маҳсулоти стратегӣ ба ҳисоб рафта, дар бунёди иншооти ҳаётан муҳим ва махсус, аз қабили неругоҳҳо, нақбҳо, роҳу пулҳо ва дигар сохтмонҳо истифода мешавад.
Хок, оҳаксанг, магнетит, сафедхок, қуми квартсит, гаҷсанг ва ангиштсанг, дар маҷмуъ ашёи хом барои истеҳсоли семент дар ин корхона аз ҳисоби захираҳои табиии ватанӣ, аз ҷумла конҳои дараи Харангон дастрас мешаванд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз маҳалли ҷойгиршавии иншооти муҳими саноатӣ дар ҳамин ҷо ба роҳбарияти корхона супориш доданд, ки ба хотири таъмини тозагии экологӣ, озода нигоҳ доштани муҳити атроф, ҳифзи табиат ва ободонию сабзазоркунӣ дар атроф ва ҳудуди корхона 250 ҳазор бех дарахтони ороишию ҳамешасабз шинонанд.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»








Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кишти тиромоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон Барномаи савдои электронӣ ба бахши муҳими иқтисодиёт табдил ёфтааст
«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд






